Пайвандҳои дастрасӣ

Кудрин бори аввал аз Медведев интиқод кард


Алексей Кудрин

Алексей Кудрин

Алексей Кудрин-вазири пешини молии Русия пешниҳоди Дмитрий Медведев-нахуствазири ин кишварро дар бораи ташкили офшори Русия дар Шарқи Дур танқид кард. Кудрин гуфтааст, ташкили чунин офшор барои низоми молии Русия пайомадҳои харобиовар хоҳад дошт.

Рӯзи панҷшанбе Дмитрий Медведев пешниҳод кард, ки масъалаи ташкили офшори Русия баррасӣ шавад. Вай дар зимн бӯҳрони молии Қибрисро ёдоварӣ кард. Мақомоти раҳбарии Қибрис барои дарёфти кӯмакҳои молии Иттиҳодияи Аврупо барои пулҳои амонатгузоштаи мардум дар бонкҳо молиёти яквақта таъйин кардаанд.

Бори аввал Кудрин аз Медведев интиқод мекунад. Соли 2011 байни Кудрин ва Медведев ихтилоф сар зад ва Кудрин аз мақоми худ истеъфо дод. Вай он вақт гуфта буд, ки дар кобинаи Медведев барои ихтилофот роҷеъ ба масорифи давлатӣ ва масорифи низомӣ кор нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG