Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умаралӣ Қувватов дар Дубай будааст


Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабари нопадид шудан ва эҳтимоли истирдоди Умаралӣ Қувватовро рад кард.

Маҳмудалуло Асадуллоев-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки «дар робита ба нопадид шудани Умаралӣ Қувватов аз боздоштгоҳи Дубай интерполи Тоҷикистон ба мақомоти амниятии Имороти Муттаҳидаи Араб ба таври расмӣ муроҷиат кард ва дар посух мақомоти ин кишвар рӯзи чоршанбе навиштаанд, ки Умаралӣ Қувватов ғайб назадааст ва дар боздоштгоҳи муваққатии Дубай мунтазири мурофиаи додгоҳӣ аст.»

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо такя ба иттилои мақомоти Дубай афзуд, ки мумкин аст мурофиаи додгоҳии Умаралӣ Қуватов 7 апрел оғоз гардад.
XS
SM
MD
LG