Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркише дар Димишқ 42 нафар ба ҳалокат расид


Матбуоти давлатии Сурия мегӯяд, дар инфиҷоре дар яке аз масҷидҳои Димишқ 42 нафар ба қатл расидаанд. Дар миёни онҳо раҳбари сунниҳои Сурия ва набераи вай низ будаанд. Вай аз режими Башор Асад ҷонибдорӣ мекард.

Бино ба гузоришҳо, 82 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Телевизиони давлатӣ мегӯяд, ки ин инфиҷор “ҳамлаи маргталабонаи террористӣ” будааст.

Аммо фаъолони ҳуқуқи башари Сурия дар Британия гуфтаанд, маълум нест, ки мошини бамгузоришуда мунфаҷир шудааст ва аз ҷое аз тӯп оташ кушодаанд.
XS
SM
MD
LG