Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама Исроилро ба созиш бо Фаластин даъват кард


Барак Обама дар Байтулмуқаддас
Барак Обама дар Байтулмуқаддас
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз исроилиҳо даъват кард, ки барои таъмини сулҳ ва амнияти давомдор дар қаламрави Исроил бояд ба созиш розӣ шаванд. Вай рӯзи панҷшанбе зимни суханронии худ дар Байтулмуқаддас гуфт, сулҳ барои Ховари Миёна зарур аст, зеро танҳо сулҳ роҳи воқеии таъмини амният аст.

Обама таъкид кард, ки сулҳи пойдор танҳо замоне муясар хоҳад буд, ки “нигарониҳои амниятии Исроил бартараф шавад ва дар айни замон як кишвари мустақили фаластинӣ ва дорои ҳақи ҳокимият ташкил шавад”. Вай афзуд, бояд ҳақи фаластиниҳо барои таъйини сарнавишиашон низ эътироф шавад.

Обама бори аввал аз Исроил боздид мекунад. Шоми рӯзи панҷшанбе дар маҷлиси зиёфати расмӣ Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил ба Обама “Медали бартарӣ”-ро тақдим кард. Ин медал болотарин ҷоизаи ифтихории Исроил ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG