Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ ҳукми Абдуллоҷоновро бетағйир гузошт


Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Киев қарори додгоҳи ноҳияи Шевченко дар бораи ҳабси нахуствазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро бетағйир боқӣ гузошт. Ба иттилои хабаргузории “Интерфакс-Украина”, додгоҳ рӯзи панҷшанбе баъди баррасии аризаи Андрей Федур, вакили дифоъи Абдуллоҷонов ба ин натиҷа расид.

Рӯзи 15 март додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев ҳукм кард, ки собиқ нахуствазири Тоҷикистонро то 12 моҳ ба ҳабс бигиранд. Додгоҳи Киев бо ҳимоят аз дархости додситонии кулл ҳукм баровард, ки Абдумалик Абдуллоҷонов то замони ҳалли масъалаи истирдодаш ба Тоҷикистон, ҳадди аксар то 12 моҳ дар ҳабси истирдодӣ бимонад.

Матни пурраи қарори додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Киев рӯзи 28 март, соати 10.00 қироат мешавад. Ҳукми ин додгоҳ ниҳоист ва вакили дифоъ нҳаққаи аз болои он шикоят карданро надорад.

Нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи “Бориспол”-и канори шаҳри Киев бо дархости пулиси байналмилалӣ -Интерпол боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе истирдод кунанд. Бо қарори додгоҳи Украина ва то замони баррасии дархости истирдодаш Абдумалик Абдуллоҷонов барои 40 рӯз ба боздоштгоҳ интиқол дода шуд.

Дар Тоҷикистон нахуствазири пешинро дар таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, куштор, талош барои ғасби ҳокимият ва дуздии моликияти давлатӣ айбдор мекунанд. Вале худи Абдуллоҷонов иддао дорад, ки иттиҳомоти зидди ӯ ангезаи сиёсӣ доранд.
XS
SM
MD
LG