Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ишқобод Наврӯзи байнулмилалӣ баргузор шуд


Имрӯз дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон, ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид. Ба иттилои дафтари раёсатюумҳурии Тоҷикистон, тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар Ишқобод бо ҳузури сарони Афғонистон, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, ҳайатҳои Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон, Тотористони Русия, Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигар ҷараён гирифт.

Дар чаҳорчӯби Наврӯзи байналмилалӣ конфаронси "Наврӯз ҷашни инсондӯстӣ ва рифоҳ” буд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст изҳор дошт, ки баргузории ҷашни имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ дар Туркманистон басо табиист, зеро “ин сарзамини меҳмоннавоз дар гузашта ва имрӯз ба фазои ягонаи тамаддуние дохил мешавад, ки ватани Наврӯзи оламафрӯз ба шумор меравад”.

Тантанаҳои фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ дар вилояти Аҳали Туркманистон бо намоиши ҳунарҳои волои мардумӣ ва базму тараби идона баргузор шуд. Дар ин барномаҳо гурӯҳи санъаткорону ҳунармандони мардумӣ ва олимону адибони Тоҷикистон низ ширкат доштанд
XS
SM
MD
LG