Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Қибрис талоши бурунрафт аз бӯҳронро мекунад


Парлумони Қибрис имрӯз тарҳи нави берун кардани кишвар аз бӯҳрони бонкиро баррасӣ мекунад. Аз ин пеш раҳбарони аҳзоби сиёсӣ дар мавриди таъсиси як бунёди сармоягузорӣ ба хотири ҷамъоварии тақрибан 6 миллиард евро барои буҷа ба мувофиқа расиданд. Ин маблағ барои иҷрои шарти пешгузоштаи Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилали пул зарур аст.

Дар мавриди он ки Бунёди сармоягузорӣ чӣ гуна ва аз кадом ҳисоб пур мешавад, чизе гуфта нашудааст.

Ёдовар мешавем, рӯзи 19 март вакилони парлумони Қибрис тарҳи санадеро рад карданд, ки бар пояи он бояд амонатгузорон аз пасандозҳояшон дар бонкҳо молиёт мепардохтанд.

Бонки марказии Аврупо аз мақомоти Қибрис даъват кард, ки то рӯзи душанбеи оянда тарҳи бурунрафт аз бӯҳрони бонкиро бипазиранд.
XS
SM
MD
LG