Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ва Маҳмуд Аббос сулҳи Ховари Миёнаро баҳс карданд


Ба дунболи боздид аз Исроил, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба Ромуллоҳ сафар кард.

Пас аз мулоқот бо раҳбарони фаластинӣ, Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламрави ишғолии Фаластин ба раванди мусолиҳа дар Ховари Миёна мусоидат намекунад. Изҳороти ӯ рӯзи панҷшанбе, 21 март, дар нишасти хабарии муштарак бо раҳбари Идораи худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар Ромуллоҳ садо дод.

Обама ва Аббос гуфтанд, ки сулҳи миёни фаластиниҳову исроилиҳо имконпазир аст, ба шарте, ки мушкилиҳои мавҷуда ҳаллу фасл шаванд. Раисиҷумҳури Амрико бори дигар пуштибонии худ аз ташкили давлати мустақили Фаластинро баён кард ва ҳамзамон иқрор намуд, ки мушкилоте чун бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламрави ишғолӣ ва афзоиши теъдоди фаластиниҳо дар маҳбасҳои Исроил - монеъаҳои ҷиддӣ дар роҳи расидан ба мусолиҳа мебошанд.

Раисиҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе, баъд аз ташриф ба Исроил ва гуфтушунид бо мақомоти ин кишвар, вориди Рамаллоҳ шуд. Ба гуфтаи ӯ, вазири умури хориҷӣ Ҷон Керрӣ барои расидан ба оштӣ миёни фаластиниҳову исроилиҳо талош хоҳад кард.


Обама рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар Байтулмуқаддас гуфт, дар ҳоле ки барои иқдом ба роҳи дипломатӣ бартарӣ дода мешавад, боз ҳам “тамоми роҳҳо дар дасти баррасӣ қарор доранд.” Ӯ афзуд: “Мо ба ин мувофиқем, ки Эрони мусаллаҳ бо силоҳи ҳастах метавонад таҳдид ба минтақа, таҳдид ба ҷаҳон ва дар дурнамо як таҳдиди доимӣ ба Исроил шавад. Ва мо бар сари аҳдофи худ мувофиқем. Агар кор ба Эрони соҳиби силоҳҳои ҳастаӣ бикашад, мо сиёсати пешгирона надорем. Сиёсати мо ҷилавгирӣ аз даст ёфтани Эрон ба силоҳи ҳастаист. Мо ҳалли ин мавзӯъ бо роҳи дипломатиро бартарӣ медиҳем. Ва мо ҳанӯз барои чунин кор фурсат дорем. Раҳбарони Эрон аммо бояд бифаҳманд, ки онҳо бояд ӯҳдадориҳои байналмилалиашонро иҷро кунанд. Ва дар айни замон ҷомиаи байналмилалӣ роҳи афзоиши фишор ба давлати Эронро идома хоҳад дод.”

Обама гуфт, интизор надорад, ки Исроил дар масъалаи иқдоми низомӣ алайҳи аҳдофи ҳастаии Эрон рӯи Вошингтон биандешад. Обама таъкид кард, ки мавқъи ҷуғрофии нисбатан наздиктари Исроил бо Эрон табъан метавонад сабаби арзёбии дар муқоиса бо Вошингтон дигари таҳдид аз сӯи ин кишвар шавад.
XS
SM
MD
LG