Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафт “вови” пурбинандатарини тоҷикӣ дар Ютюб


Манижа Давлатова аз саҳна дур шудааст, аммо ҳамоно маҳбуби Ютюб аст.

Манижа Давлатова аз саҳна дур шудааст, аммо ҳамоно маҳбуби Ютюб аст.

Дар баробари хони ҳафтсину ҳафтшине, ки Наврӯз ҳазорсолаҳо бо худ овардааст, имсол ҳафт видеои пурбинандатарини тоҷикӣ дар торнамои YouTube-ро мебинем, ки имрӯзҳо ҷавонон ҳар вақт ки ба Интернет ворид шуданд, ҳатман ба он сар мезананд.

Дар садри ҷадвали ҳафтгонаи видеоҳои пурбинандаи тоҷикӣ дар Ютюб, Шабнами Сурайё овозхони шинохтаи Тоҷикистон, қарор дорад, ки таронаи “Аз қудуми сафар“-аш 6 сол пеш рӯи ин торнамо омад ва дар ин муддат он видеоро тақрибан 1 миллиону 900 ҳазор маротиба тамошо кардаанд:



Шабнам ҷойи дуввумро низ дар Ютюб ба касе надодааст, ки таронаи дигаре аз ӯро бо номи “Биё ки бирем боғ” унвон дорад ва видеои онро дар гӯшаҳои гуногуни шаҳри Ландан бардоштаанд, дар тӯли камтар аз 4 сол бештар аз 1 миллион 560 ҳазор бор тамошо кардаанд. Зоҳиран мухлисони ин видео аз ҳисоби ҳамзабонони хориҷ аз Тоҷикистон бахусус аз Афғонистон зиёд шудааст, ки ин тарона ва худи Шабнам ҳам дар миёни мардуми ин кишвари ҳамсоя мухлисони зиёд дорад:



Дар миёни ҳафтгонаи пурбинандатарин видеоҳои тоҷикӣ дар Ютюб дар Наврӯзи имсол, таронаи қадимии Манижа Давлатова, яке дигар аз овозхонҳои шинохтаи Тоҷикистон қарор дорад. Аз онҷо, ки худи Манижа солҳои ахир дар саҳнаҳо аҳёнан дида мешавад, таронаи мардумии “Гулумой”, ӯ, ки дар Афғонистон сурудааст, дар муқоиса ба дигар таронаҳояш бинандаи зиёд пайдо кардааст. Ин таронаро, ки моҳи феврали соли 2010 дар You Tube гузошта шудааст, тақрибан 800 ҳазор (796257) маротиба тамошо карда ва аҳсани зиёд ҳам ба ӯ хондаанд:



Аммо видеои дигаре, ки баъди ин таронаи Манижаи Давлат бинандаи зиёд пайдо карда ва дар мақоми чаҳорум ҷой гирифт, видеое бо номи НАВРУЗИ ЧОРКӮҲ 2012 ҚИСМИ 4 аст, ки дар он Нозияи Кароматулло ҳунарнамоӣ мекунад ва аз ҷумла таронаи зебое месарояд. Ин видео ба ҳадде рекорд ҳам гузоштааст, зеро дар Ютюб дар муддати камтар аз як сол бештар аз 708 ҳазор маротиба дида нашудааст. Видеои мазкурро моҳи майи соли 2012 дар Ютюб гузоштаанд:



Аммо Нигина Амонқулова, овозхони зебову хушсадои дигари Тоҷикистон, ки ҳоло дар Ютюб бисёриҳо дар пайи видеоҳои он мегарданд ва таронаҳои наваш дар ин торнамо садҳо ҳазорон бор дида шудаанд, дар хони ба истилоҳ ҳафт “вов”- имсолаи наврӯзӣ дар мақоми панҷум ҷой гирифтааст ва ва яке аз таронаҳои аввалинаш, ки таронаи “Дар лаби об” аст. Ин видео, ки аз ҳунарнамои Нигина дар толор аст, 6 сол пеш ба Ютюб омада ва дар ин муддат тақрибан 638 ҳазор бор дида шудааст ва аз ҷумла аз тарафи ҷавоне, ки навиштааст, аз Мексика аст ва баъди шунидани ин тарона мехоҳад, забони форсиро биёмӯзад:



Шашумин видеои пурбинандаи тоҷикӣ дар Ютюб баъд аз видеои Нигина Амонқулова , аз овозхони дигари Тоҷикистон Фирӯза Ҳафизова аст, ки аз таронаи пешӣ тақрибан 20 ҳазор маротиба камтар дида шудааст. Таронаи “Фирӯза ман”-ро, ки моҳи августи соли 2011 ба сафи садҳо ҳазор навори тоҷикӣ дар Ютюб пайвастааст, дар зарфи бештар аз якуним сол 620 ҳазор бор тамошо кардаанд. Таронаи Фирӯзаро дар ин байн бештар аз 450 нафар бо боло кардани ангушти худ дар Ютюб писандидаанд, вале ба 130 нафари дигар ин тарона хуш наомаадааст:



Ва дар ниҳоят дар ҳафтгонаи пурбинандатарини видеоҳои тоҷикӣ дар Ютюб имсол дар мақоми ҳафтум боз ҳам Манижаи Давлат аст, бо таронаи “Беҳуда хорам мекунӣ” агарчӣ ин таронаи ӯро танҳо бо номи Манижаи Давлат дар Ютюб гузоштаанд. Манижа бо ин таронаи ғамангезаш ва дар муддати андаке бештар аз се сол ба эҳтимоли ғолиб тақрибан 598 ҳазор бор бинандагонашро “ғамгин” ва ё хотираҳои гузаштаи онҳоро дар зеҳни эшон бедор кардааст.



Агар видеоҳои тоҷикии пурбинандатар аз ин ҳафтгона аз назари мо дур монда бошад ва шумо медонед, лутфан ба мо бифристед, то дигар дӯстони радиои "Озодӣ" ҳам бидонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG