Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба адиби ӯзбак мӯҳлати нави ҳабс таҳдид мекунад


Мӯҳлати ҳабси адиби 72-солаи ӯзбак Маҳмадалӣ Маҳмудов шояд тамдид шавад. Моҳи феврал баъд аз хатми мӯҳлати 14-солаи ҳабс адиб ба зиндони Тошканд интиқол ёфт. Хонуми ӯ Гулсара Маҳмудова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шавҳарашро дар вайрон кардани режими маҳбас айбдор кардаанд ва барои ин ба адиб аз се то панҷ маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Маҳмадалӣ Маҳмудов чун мунаққиди режими феълии Ӯзбакистон маъруф аст. Ӯ соли 1999 ӯ довталаби ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Ӯзбакистон шуд, аммо Комиссиюни марказии интихобот ӯро сабти ном накард. Ҳамон сол Маҳмадалӣ Маҳмудов бо иттиҳоми даст доштан дар сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳур Ислом Каримов барои 14 сол маҳкум ба зиндон шуд.
XS
SM
MD
LG