Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешвои курдҳои ҷудоихоҳ бо Туркия оташбас эълон кард


Абдулло Оҷалон, раҳбари зиндонии ҷудоихоҳони курд хостори оташбас бо Туркия шуд. Ин сулҳ ба хушунатҳои 30 соли охири Туркия хотима хоҳад гузошт. Паёми раҳбари созмони барои Туркия ғайриқонунии Ҳизби Коргари Курдистон ё ПКК аз тарафи як вакили курд дар тазоҳуроти пуриздиҳоме дар Диёрбоқир дар ҷанубу шарқи Туркия қироат шуд. Дар ин изҳорот Оҷалон аз размандагони курд даъват кардааст, ба хусуматҳо хотима диҳанд ва аз Туркия ақиб нишинанд. Ин эълон дар назди издиҳоме иборат аз 200 000 замоне садо дод, ки гуфта мешавад, музокироти мақомоти иктишофии Туркия бо Оҷалон чандин моҳ идома кардааст. Оҷалон дар соли 1999 аз тарафи маъмурони амниятии Туркяи дар Кения боздошт шуда, то ҳол дар маҳбас ба сар мебарад. Мубориза курдҳо бо нерӯҳои давлати Туркия аз соли 1984 ба ин сӯ идома дошта, дар ҷараёни он аз ду ҷониб наздик ба 40 000 кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG