Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳунарпешаи синемои ҳинд боз ба маҳбас баргашт


Додгоҳи Олии Ҳиндустон қарор кард, ки ҳунарманди маъруфи синамо Санҷай Датт бояд ба маҳбас баргардад.

Моҳи ноябри соли 2006 Санҷай Датт дар харид ва ҳифзи силоҳе айбдор шуд, ки террористҳо ҳангоми ҳамла ба шаҳри Мумбай дар соли 1993 истифода бурданд. Додгоҳ ӯро ба 6 соли маҳбас маҳкум кард ва аммо баъд аз якуним сол Санҷай Датт бо пардохти гаравпулӣ зиндонро тарк намуд. Додгоҳи олии Ҳиндустон соли 2007 ҳукми зиндони ҳунарманди синаморо як сол кам кард.

Бар асари силсилаи таркишҳо дар Мумбай, ки аз сӯи гурӯҳи ифротгароҳо сурат гирифт, 257 нафар кушта шуда ва беш аз 700 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. 123 нафар бо гумони даст доштан дар ин таркишҳо боздошт шуданд. Додгоҳ се нафарро ба эъдом маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG