Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 21 март, дар шаҳри Санкт Петербурги Русия тоҷикони муқими ин шаҳр ҳамроҳ бо мардумони кишварҳои дигар ҷашни Наврӯзро таҷлил мекунанд.

Ба гуфтаи Ҷамъияти тоҷикони Санкт Петербург, имрӯз дар Бинои ҷавонони шаҳр консерти наврӯзӣ баргузор ва хони наврӯзӣ густурда мешавад ва ба он меҳмонон аз ҳукумати ин шаҳр, дипломатҳои хориҷӣ ва донишҷӯён даъват шудаанд.

Ҷамъиятҳои тоҷикони Санкт Петербург таҷлили Наврӯзро рӯзи 18 март бо ширкати донишҷӯён ва иттиҳодияҳои гуногуни тоҷикони шаҳр оғоз карданд. Дар ин шаҳри аз Тоҷикистон дур ҳам сумалак буд ва ҳам дигар таомҳои наврӯзӣ, ки дар ин ҷашн таҳия мекунанд.

Муҳаммадназар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт Петербург, дар ин ҷашн паёми табрикии Абдулмаҷид Достиев сафири Тоҷикистонро расонидааст.

Рӯзи 19 март дар Санкт Петербург ҷашни Наврӯзи ҷамъиятҳои миллии шаҳр баргузор шудааст ва дар он губернатори шаҳр Георгий Полтавченко мардумро бо ин ҷашн табрик гуфтааст.

Рӯзи 23-март бахшида ба Наврӯз дар майдони зимистонаи тими футболи Зенит мусобиқаи гуштӣ баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони тоҷик низ қувва меозмоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG