Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бисёре аз ҷавонон ҳоло ҳам ҷашни Наврӯзро фурсати муносиб барои интихоби арӯс медонанд.

Хушбахттарин ва бадбахттарин рӯзҳои зиндагии Роҳила Ҷаъфарова, зани куҳансолтарини ноҳияи Фархор, маҳз дар арафаи ҷашни Наврӯз рух додааст. Ин зан, ки ҳоло 113 сол дорад, дар ҷашни Наврӯзи соли 1916 ба ҷавоне ошиқ шудааст ва маҳз пас аз як соли дӯстдоштанҳои пинҳонӣ соле пас боз дар Наврӯз ба васли ҳам расидаанд. Беш аз сад соли наврӯзиҳои умрашро ҳар соле гоҳ бо хурсандӣ ва гоҳ бо ашки чашм пешвоз гирифтааст. Панҷ фарзандаш дар Наврӯз таваллуд шудаанд ва ба ҷуз як писараш чаҳор фарзандаш низ пас аз як соли таваллуд пеш аз ин ҷашн фавтидаанд. Дар 25 соли пеш низ шавҳараш замоне аз дунё даргузашт, ки барои таҷлили Наврӯз ду рӯз монда буд. Акнун Наврӯз барои ин зани кӯҳансол як санаи ба ёдмондании шириниву талхиҳои зиндагии беш аз якасрааш шудааст.

Роҳила Ҷаъфарова - зани куҳансолтарини ноҳияи Фархор

Роҳила Ҷаъфарова - зани куҳансолтарини ноҳияи Фархор

Роҳила Ҷаъфарова, ки ҳоло канда-канда ва нимшунаво сӯҳбат мекунад, аз Наврӯзиҳои наврасию ҷавониашро аз Наврӯзиҳои солҳои ахир фарқкунанда медонад. Ӯ мегӯяд, дар сад соли пеш дар Балҷувон, ки ӯ он ҷо ба воя расидааст, танҳо дар Наврӯз барои духтарону писарон иҷоза буд, ки давоми як ҳафта ба саҳро барои ҷамъоварии гулу гиёҳ бароянд. Ин як баҳонае буд, ки ҷавонон бо ҳам шинос мешуданд ва баъдан ба васли ҳам мерасиданд.

Анъанаи интихоби арӯс шояд аз камтарин анъанаҳои хоси Наврӯз буд, ки бо вуҷуди тағйиротҳо то кунун боқӣ мондааст. Сулаймони Султон, як шоири маҳаллӣ мегӯяд, аз бостон ягона рӯзе, ки марду зан бо ҳам дидор медиданд, ин Наврӯз буд. Ба гуфтаи ӯ, Наврӯз фасли васли ҷавонони ошиқ буд ва то кунун он боқӣ мондааст: «Дар бархе аз манотиқ духтарон зери фаранҷӣ буданд. Бузургсолон ба онҳо танҳо дар Наврӯз имкон медодаанд, то рӯи худро андаке боз кунанд. Ин икмон медод, ки ҷавонон чеҳраи духтаронро бубинанд ва барои худ ҳамсар интихоб кунанд. Ҳоло ҳам танҳо ин Наврӯз аст, ки ҳама ба хиёбонҳо барои шодмонӣ мерезанд.»

Бисёре аз ҷавонон ҳоло ҳам ҷашни Наврӯзро фурсати муносиб барои интихоби арӯс медонанд. Умед Каримов, як ҷавон, ки тасмими хонадоршавӣ дорад, мегӯяд, баҳорро арӯси сол мегӯянд ва дар ин фасли арӯси сол ҷавон ҳам ба худ арӯси умр пайдо кунад, кори хуб аст: «Дар Наврӯз интихоби арӯс зиёд аст. Зеро духтаре нест, ки ба ҷашнгоҳ наравад. Ин ҷо бо рафиқон мушоҳида мекунем ва бовар дорам, ки ягон духтари зебоеро барои ҳамсари пайдо мекунам.»

Дар ҳамин ҳол, Сӯҳробшоҳи Фаррухшо, сухангӯи раиси шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, хонадоркунии ҷавонон дар Наврӯз анънаи неки гузаштагон аст, ки ҳоло ҳукумати кишвар мехоҳад, онро дар сатҳи расмӣ баргузор кунад: «Дар чанд соли ахир маҳз дар Наврӯз ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ҷавононе, ки аз оилаи камбизоат ҳастанд, барои хонадоршавӣ кӯмак мекунад. Маросими хонадоршавии ин ҷавонон дар ҳузури садҳо шоҳид ва бо тантанаи хос гузаронида мешавад. Дар ин ҷашни Наврӯз низ ҳукумати Кӯлоб тасмим дорад, то маросими хонадоршавии 14 оиларо баргузор кунад. Ба онҳо тамом ҷиҳози зиндагӣ тақдим мешавад.»

Ҷашни Наврӯз аз куҳантарин ҷашни мардуми тоҷик аст, ки беш аз 7 ҳазор сол боз онро ҷашн мегиранд. Ширинтарин анъанаи ин ҷашн пайванди ҷавонон аст, ки то кунун боқӣ монда, рушд мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG