Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми даъвати АФК-2014: Қирғизистон – Тоҷикистон - 1:0


Лаҳзае аз ҷараёни бозӣ

Лаҳзае аз ҷараёни бозӣ

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 имрӯз, 21-уми март, дар Бишкек аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум гашт. Голи ягонаро Девид Тетте дар дақиқаи 41-ум ба ҳадаф расонд.

Охирин бозии мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мизбон - Қирғизистон дар гурӯҳи “В” дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови Бишкек баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 дар Бишкек дар даври аввали гурӯҳи “В” 17-уми март бар мунтахаби Покистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голро Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 89-ум ба ҳадаф расонд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дувумаш рӯзи 19-уми март бар мунтахаби Макао бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Ду голро Ҷамшед Исмоилов (дар дақиқаҳои 56-ум ва 90+2) ва як голро Ҷаҳонгир Эргашев (дар дақиқаи 82-юм) ба ҳадаф расонданд.

Ба ин тартиб мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз аз 2 бозӣ дар ҷадвали гурӯҳи "В" дар ҷои аввал мебошад. Дастаи Қирғизистон низ 6 имтиёз ба даст овардааст, вале таносуби тӯбҳои футболбозони тоҷик (4-0) беҳтар аст. Бинобар ин дастаи Қирғизистон (таносуби тӯбҳояш 2-0) дар ҷои дувум қарор дорад. Барои ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтан ҳарду дастаро натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад. Агар бозӣ мусовӣ ё бо ғалабаи футболбозони тоҷик анҷом ёбад, мунтахаби Тоҷикистон ғолиби гурӯҳ мешавад ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегирад. Дастаи Қирғизистон бошад, танҳо дар сурати пирӯзӣ мақоми аввалро касб мекунад. Дар мавриди мусовӣ мунтахаби Қирғизистон бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум қарор мегирад ва ҳамчун дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбад. Вале дар мавриди бохт дастаи Қирғизистон аз ҳаққи ширкат дар давраи ниҳоӣ маҳрум мегардад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа панҷ дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мунтахаби Ҷазоири Молдив, ки ҳамчун мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 бидуни рақобат ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шудааст, ҳамроҳ мешаванд.

Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад. Бояд гуфт, ки дар айни ҳол дастаҳои мунтахаби Мянмар аз гурӯҳи «А», Афғонистон аз гурӯҳи «С» ва Фаластин аз гурӯҳи «D” ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2014 роҳхат гирифтаанд.

Мавқеи дастаҳо баъди ҷамъбасти бозиҳо дар се гурӯҳ чунин аст:
Гурӯҳи “А”: 1. Мянмар – 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 7-1). 2. Ҳиндустон – 6 (6-2). 3. Гуам – 3 (3-9). 4. Тайван – 1 (2-6).

Гурӯҳи “С”: 1. Афғонистон – 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 3-1). 2. Лаос – 5 (6-4). 3. Шри-Ланка – 3 (5-5). 4. Муғулистон – 1 (1-5).

Гурӯҳи “D”: 1. Фаластин – 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 10-0). 2. Бангладеш – 6 (6-1). 3. Непал – 4 (6-2). 4. Марианаи Шимолӣ – 0 (0-19).

Бозиҳои гурӯҳи “Е” бо ширкати дастаҳои мунтахаби Филиппин, Туркманистон, Камбоҷа ва Бруней аз 22-юм то 26-уми март дар пойтахти Филиппин – Манила баргузор мешаванд.

Инак, гузориши мустақими “Озодӣ” дар бораи бозии дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шумо пешкаш мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо чунин ҳайат ба майдон меояд:
1. Алишер Тӯйчиев, 5. Маҳмадалӣ Содиқов, 6. Давронҷон Эргашев, 7. Фатҳулло Фатҳуллоев, 8. Нуриддин Давронов, 10. Хуршед Маҳмудов (капитан), 14. Далерҷон Тухтасунов, 15. Наим Улмасов, 20. Ҷаҳонгир Ҷалилов, 21. Иброҳим Рабимов, 22. Комил Саидов.

Бозигарони эҳтиётӣ: 2. Умедҷон Шарифов, 4. Эраҷ Раҷабов, 11. Фарҳод Тоҳиров, 16. Алишер Додов, 18. Ҷамшед Исмоилов, 19. Аҳтам Назаров, 23. Алексей Неъматов, 28. Абдуазиз Маҳкамов, 44. Ҷаҳонгир Эргашев.

Вале дар бозии охирин дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳимоятгар Соҳиб Саванқулов ва ҳамлагар Юсуф Рабиев, ки ҳарду дар бозии гузашта бо мунтахаби Макао лат хӯрда буданд, инчунин, ҳамлагар Дилшод Восиев барои зиёд гирифтани кортҳои зард иштирок намекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Қирғизистон: 16. Максим Агапов, 2. Валерий Кичин, 3. Талант Самсалиев, 4. Руслан Содиқов (капитан), 5. Мака Кум, 7. Қаюмҷон Шарифов, 13. Даврон Аскаров, 18. Вадим Харченко, 22. Фаррух Абитов, 23. Артур Муллоҷонов, 25. Дэвид Тетте.

Бозигарони эҳтиётӣ: 1. Владислав Волков, 6. Одил Бекболотов, 9. Карим Исроилов, 10. Мирлан Мурзаев, 11. Турсуналӣ Рустамов, 14. Илдар Амиров, 19. Азиз Сидиқов.

Доварони бозӣ: сардовар – Масъуд Туфайлӣ (Сурия), ёварони сардовар – Алӣ Муҳаммад Аҳмад Ал-Ҳасанӣ (Яман) ва Муҳаммад Ал-Ҳаммадӣ (Аморати Муттаҳидаи Араб), довари эҳтиётӣ – Умар Алӣ Абдулло Ҷумъа Ал-Ҷнейбӣ (АМА). Комиссари бозӣ – Чэн Чин-По (Тайван), нозири доварон – Масъуд Муродӣ (Эрон).

Пеш аз бозии Қирғизистону Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Покистон ва Макао рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии покистониҳо бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Вале натиҷаи ин бозӣ барои футболбозони Покистону Макао дигар аҳамият надошт, зеро ки ҳарду даста аз идомаи мубориза барои Ҷоми даъвати АФК-2014 маҳрум гаштаанд. Мунтахаби Покистон бо 3 имтиёз севум шуд. Дастаи Макао бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт.

Ва, инак, таваҷҷуҳи шуморо ба бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Макао ҷалб мекунем.

Қабл аз шурӯи бозӣ сурудҳои миллии ҳарду кишвар - Тоҷикистон ва Қирғизистон садо доданд.

Бо садои ҳуштаки сардовар Масъуд Туфайлӣ (Сурия) бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Футболбозони тоҷик бо либоси сафед ва мизбонон бо либоси сурх бозӣ доранд.

Дақиқаи 2-юми бозӣ, ҳисоб 0:0.

Дар дақиқаи 3-юм ҳамлагар Комил Саидов бо дарвозабон Максим Агапов як ба як баромад, вале ӯро фиреб дода натавонист. Дарвозабони мунтахаби Қирғизистон дастаашро аз гол наҷот дод.

Лаҳзае аз ҷараёни бозӣ

Лаҳзае аз ҷараёни бозӣ

Дар дақиқаи 7-ум дар назди дарвозаи Алишер Тӯйчиев вазъияти хавфнок ба вуҷуд омад. Футболбозони қирғиз тӯбро вориди дарвоза карданд, вале довари марзи майдон байроқчаашро бардошт, зеро ки мизбонон дар ҳолати нобозӣ буданд. Бояд гуфт, ки ин бозиро ба ҳайси меҳмони фахрӣ бозигари собиқи мунтахаби Русия Вадим Евсеев тамошо дорад. Ҳисоб ҳанӯз кушода нашудааст.

Дар дақиқаи 9-ум Давронҷон Эргашев аз самти чап зарба зад, вале тӯб хато рафт.

Дақиқаи 12-уми бозӣ, ҳисоб 0:0. Мизбонон бештар ҳуҷум мекунанд ва онҳоро мухлисони зиёде, ки дар варзишгоҳ ҳузур доранд, дастгирӣ менамоянд.

Дақиқаи 15-уми бозӣ, ҳисоб боз нашудааст ва дар ин лаҳзаҳо бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн ҷараён дорад.

Дар дақиқаи 16-ум Комил Саидов тӯбро аз Хуршед Маҳмудов қабул карда, ба ҷаримагоҳ дохил шуд, вале дарбозабон Агапов вазъияти хавфнокро бартараф кард.

Дар дақиқаи 19-ум ҳамлагари мизбонон Тетте қариб буд, ки ҳисобро кушояд. Дарвозабон Алишер Тӯйчиев ба хато роҳ дод, вале хатои ӯро ҳимоятгар Наим Улмасов зуд ислоҳ намуд. Ҳисоб 0:0.

Дар дақиқаи 21-ум Иброҳим Рабимов бо капитани мизбонон Руслан Содиқов бархӯрд. Ҳоло дар бозӣ каме таваққуф ба вуҷуд омадааст.

Лаҳзае аз ҷараёни бозӣ

Лаҳзае аз ҷараёни бозӣ

Бозӣ идома дорад. Дар дақиқаи 23-юм Ҷаҳонгир Ҷалилов муқобили рақибаш Қаюмҷон Шарифов қоидаи бозиро вайрон кард ва мизбонон зарбаи ҷаримавӣ заданд.

25 дақиқа ҳам сипарӣ шуд, ҳисоб 0:0.

Дар дақиқаи 26-ум сардовар ба капитани мизбонон Руслан Содиқов корти зард нишон дод.

Дар дақиқаи 27-ум тӯби аз кунҷи майдон задаи Фатҳулло Фатҳуллоевро дарвозабони мунтахаби Қирғизистон моҳирона дошт.

Дар дақиқаи 30-юм Қаюмҷон Шарифов ба дарвозаи меҳмонон зарбаи хавфнок зад. Тӯбро Алишер Тӯйчиев дошт.

То анҷоми бозӣ 10 дақиқаи дигар боқӣ мондааст, ҳисоб 0:0. Дар ин лаҳзаҳо бештар футболбозони қирғиз дарвозаи мунтахаби Тоҷикистонро ба нишон мегиранд, вале маҳорати баланди дарвозабон Алишер Тӯйчиев ба онҳо имкон намедиҳад, ки муваффақ шаванд.

Дар дақиқаи 35-ум Девид Тетте ба дарвозаи мунтахаби Тоҷкиистон зарба зад ва тӯб аз наздики сутуни дарвоза гузашта, аз майдон берун шуд.

Дар дақиқаи 37-ум Далерҷон Тӯхтасунов аз ҷониби сардовар корти зард гирифт.

Дар дақиқаи 38-ум Валерий Кичин зарбаи ҷаримавӣ зад ва тӯб ба "девори сунъӣ" бархӯрд.

Дар дақиқаи 41-ум ҳисоб кушода шуд. 1:0 ба фоидаи мунтахаби Қирғизистон. Голро Девид Тетте ба ҳадаф расонд. Тетте тӯби аз самти чапи майдон партофтаи ҳамдастаашро бо зарбаи нишонрас вориди дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон кард.

НАВОР АЗ YOUTUBE



Дар дақиқаи 44-ум баъди зараи сахти Хуршед Маҳмудов аз масофаи дур тӯб аз болои тири дарвоза гузашт.

Замони асосии нимаи аввал ба анҷом расид.

Ҳоло 1 дақиқаи иловакардаи сардовар ҳам хотима ёфт.

Нимаи аввал бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мунтахаби Қирғизистон ба анҷом расид ва дастаҳо ба танаффус баромаданд. Биёед, мову шумо ҳам каме дам бигирем ва баъди танаффус гузориши мустақимро аз ҷараёни нимаи дувуми бозӣ идома хоҳем дод.

Акс аз майдон

Акс аз майдон

Нимаи дувуми бозӣ шурӯъ шуд. Ҳисоб 1:0 - дар пеш Қирғизистон.

Дар нимаи дувуми бозӣ дар ҳайати дастаҳо тағйирот ба амал наомадааст.

Дар дақиқаи 48-ум дар назди дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон вазъияти хавфнок ба вуҷуд омад, вале мизбонон аз он истифода карда натавонистанд.

Дақиқаи 55-уми бозӣ, ҳисоб 1:0 ба фоидаи мунтахаби Қирғизистон. Ҳарчанд футболбозони тоҷик ҳуҷум мекунанд, вале бенатиҷа.

Дар дақиқаи 56-ум дар ҳайати дастаи Қирғизистон ба ҷои Абитов ба майдон Бекболотов омад.

Дар дақиқаи 58-ум дар ҳайати дастаи Тоҷикистон аввалин бозигар иваз шуд. Фатҳулло Фатҳуллоевро ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров иваз кард. Ҳисоб ҳамоно ба фоидаи футболбозони қирғиз аст - 1:0.

Дар дақиқаи 59-ум бозигари мизбонон Валерий Кичин корти зард гирифт.

Дар дақиқаи 60-ум пас аз зарбаи Ҷаҳонгир Ҷалилов ба дарвозаи мизбонон тӯб ба ҳимоятгари тими рақиб бархӯрд.

Дар дақиқаи 63-юм Валерий Кичин тӯби ба ӯ ҳавододаи ҳамдастаашро бо сар ба дарвоза зад ва дарвозабон Алишер Тӯйчиев бо маҳорати баландаш бори дигар дарвозаи мунтахаби Тоҷикистонро аз гол эмин дошт. Ҳисоб ҳамоно ба фоидаи мизбонон аст - 1:0.

Лаҳзае аз ҷараёни бозӣ

Лаҳзае аз ҷараёни бозӣ

Дар дақиқаи 67-ум Валерий Кичин аз масофаи тахминан 30 метр зарбаи сахт зад. Тӯб каме болотар аз тири дарвоза гузашт.

Дар дақиқаи 68-ум дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозигари дувум иваз шуд. Ба ҷои Маҳмадалӣ Содиқов ба майдон Ҷамшед Исмоилов омад.

Дар дақиқаи 70-ум Хуршед Маҳмудов дар ҷаримагоҳи меҳмонон ба тӯб соҳиб шуд ва аз масофаи тахминан 10 метр зарба зад, вале тӯб аз болои тири дарвоза гузашт.

То анҷоми замони асосии бозӣ 15 дақиқаи дигар боқӣ мондааст. Ҳисоб бетағйир. Футболбозони тоҷик пайваста ҳуҷум мекунанд, аммо тӯбро ба нишон расонда наметавонанд. Капитани даста Хуршед Маҳмудов тӯби ба ӯ партофтаи Давронҷон Эргашевро хато зад.

Дар дақиқаи 86-ум Иброҳим Рабимов бо дарвозабон як ба як баромад, вале тӯби зади ӯро Агапов баргардонд ва тӯб аз хатти майдон берун шуд. Меҳмонон аз кунҷи майдон зарба мезананд.

Дар дақиқаи 78-ум Қаюмҷон Шарифов имкони афзун намудани ҳисобро истифода карда натавонист.

Дар дақиқаи 79-ум Никола Кавазович бозигари охиринро дар бозии имрӯза иваз кард. Ба ҷои ҳимоятгар Давронҷон Эргашев ба майдон ҳамлагари ҷавон Ҷаҳонгир Эргашевро баровард.

Дар дақиқаи 80-ум дар ҳайати дастаи мизбонон боз як бозигар иваз шуд. Ба ҷои Харченко ба майдон Мирлан Мурзаев омад.

То анҷоми замони асосии бозӣ 7 дақиқа мондааст. Ҳисоб 1:0.

Дар дақиқаи 85-ум Мурзаев тӯби ба ӯ ҳавододаро аз самти рости майдон ба дарвоза зад, вале тӯб аз болои тири дарвоза гузашт.

Дар дақиқаи 87-ум дар ҳайати дастаи мизбонон охирин бозигар иваз шуд. Ба ҷои Тетте ба майдон Карим Исроилов омад. То анҷоми замони асосии бозӣ 3 дақиқаи дигар мондааст. Ҳисоб ҳамоно 1:0.

Дар дақиқаи 90-ум Фарҳод Тоҳиров тӯби ба ӯ аз кунҷи майдон ҳавододаи Ҷамшед Исмоиловро ба дарвоза зад ва он ба дарвозабон бархӯрд. Замони асосии бозӣ ба анҷом расид, сардовар 3 дақиқа вақти иловагӣ таъин намуд. Ҳисоб 1:0 ба фоидаи мунтахаби Қирғизистон.

3 дақиқаи вақти иловагӣ ҳам ба анҷом расид ва садои ҳуштаки сардовар баланд гашт. Бозӣ хотима ёфт. Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад ва дар гурӯҳи "В" бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард.

Дастаи Қирғизистон муборизаро барои Ҷоми даъвати АФК-2014 дар марҳилаи ниҳоӣ идома хоҳад дод. Вале, мутаассифона, мунтахаби Тоҷикистон аз гурӯҳи худ ба даври баъдӣ роҳ ёфта натавонист. Футболбозони тоҷик бо 6 имтиёз дувум шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии Никола Кавазович аз иҷрои вазифае, ки дар назди даста гузошта шуда буд, баромада натавонист.

Ҳарчанд футболбозони тоҷик мухлисонашонро натавонистанд дар иди Наврӯз шод гардонанд, вале ба умеди пирӯзиҳои мунтахаби Тоҷикистон то Наврӯзи оянда гузориши мустақими мо дар ҳамин ҷо ба поён мерасад. Шуморо, мухлисони футбол, бо Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно дорем. Шоду пирӯз бошед.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG