Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқоти идона баргузор мешавад.

Дар ин бора ба радиои “Озодӣ” Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон хабар дод.

Вай афзуд, “дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар ҳамаи манотиқи кишвар мусобиқот аз рӯи намудҳои миллӣ ва риштаҳои маъмули варзиш, ба мисли шоҳмоту шашка, волейбол, футбол, тенниси рӯи миз ва ғайра баргузор мешавад. Чунончи, имрӯз, 21-уми март, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бо ширкати ҳунармандону аҳли адаб ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил шуд. Инчунин, беҳтарин варзишгарон дар намудҳои гуногун ҳунари худро намоиш доданд. Ҳамчунин, имрӯз дар шаҳри Турсунзода, 23-юми март дар шаҳри Қӯрғонтеппа мусобиқаи гуштии миллӣ баргузор мешавад.”

Ба иттилои мақомоти шаҳрдории Душанбе рӯзи якшанбе, 24-уми март, соати 10 дар Наврӯзгоҳ, собиқ ипподроми пойтахти кишвар, мусобиқаи аспдавонӣ ё пойгаи равон бо ширкати беҳтарин човандозон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон барпо мегардад.

Ҳамчунин, рӯзи душанбе, 25-уми март, соати 10 дар Наврӯзгоҳи пойтахти кишвар мусобиқаи гуштии миллӣ бо ширкати зӯртарин паҳлавонони тоҷик доир мешавад.

Бар асоси қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, барои гузаронидани мусобиқаҳои пойгаи равон ва гуштии миллӣ дар пойтахт 109 ҳазору 550 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Ғолибони пойгаи аспдавонӣ ва мусобиқаи паҳлавонӣ бо туҳфаҳои арзишманди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз мешаванд.
XS
SM
MD
LG