Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи се номзади ҳавзаи интихоботии Восеъ муайян шуд


Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби халқӣ-демократӣ ва номзади инфиродӣ Раҷаби Мирзо ҳуҷҷатҳои худро ба комиссияи ҳавзавии интихоботии №39 пешниҳод карданд.

Амир Қарақулов, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 21 март ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар конфронси созмони шаҳрӣ, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта баргузор гардид, мутахассиси соҳаи кишоварзӣ ва яке аз поягузорони ҳизби аграрӣ Зайниддин Сафаров ҳамчун номзад барои корзори интихоботии миёндараии ҳавзаи ноҳияи Восеъ пазируфта шуд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби халқӣ-деморатии Тоҷикистн низ иттилоъ дод, ки номзади худро барои интихоботи ҳавзаи Восеъ мушаххас кардааст. Усмон Солеҳ, намояндаи ин ҳизб, ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки бо баргузории конфронси муштараки созмонҳои ибтидоӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон ва Темурмалик номзад ба интихоботро маълум карданд, ки вай Ибодулло Неъматов, раиси ҷамоати Рудакии ноҳияи Восеъ мебошад.

Дар миёни ҳизбҳои расмӣ ва шахсони алоҳида, инак, ду ҳизб расман аз номзади худ барои интихоботи миёндавраии ҳавзаи Восеъ дарак доданд. Аз тариқи интихоботи якмандатӣ то кунун рӯзноманигор Раҷаби Мирзо, раиси Маркази таҳлилии «Бозтоб», аз номзадии худ хабар дода буд. Алъон се нафар сандаҳои худро ба ҳавзаи мазкур пешкаш кардаанд.

Абдураҳмон Додоев, сардори дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, гуфт, ки ҳоло давраи пешниҳоди номзадҳо идома дорад ва шояд шумораи онҳо бештар шавад. Зеро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ эълон доштааст, ки номзади худро дар ин ҳавза пешниҳод хоҳад кард.

Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 1-уми март дар ҷаласаи ахири аъзои ин ниҳод қарор кард, ки 5 майи соли равон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 интихоботи миёндавраӣ баргузор шавад. Қарор аст, интихобот барои ҷойгузинии курсии Рустам Латипов дар Маҷлиси намояндагон барпо шавад. Ин номзад аз ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба мақоми раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ таъйин шуд. Баъди таъйиноти ӯ ба ин вазифа 27-уми феврал дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ваколати депутатиаш қатъ гардид.
XS
SM
MD
LG