Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соати 5:30 дақиқаи субҳи 21 март сокинони Душанберо силсилаи фейерверк ё оташбозиҳо бедор карданд. Ин оташбозӣ ба пойтахти Тоҷикистон муждаи омадани Наврӯзро дод.

Ситорашиносон мегӯянд, ки лаҳзаи баробар шудани шабу рӯз, ки соли нави форсиро аз он ҳисоб мекунанд, дар Тоҷикистон соати 16-у 02 дақиқаи асри 20 март фаро расидааст.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, мегӯяд, имсол тарзи таҷлили Наврӯз бо маслиҳати олимон ба гунае тағйир дода шуд: «Аз шоми 20 март дар чор нуктаи баландтарини чор ноҳияи шаҳр – маҳаллаи Бадахшон, Кӯҳдоман, Лучоб ва маҳаллаи 24, мавсум ба Сирк, новобаста аз боришоти шабона бо риояи тамоми расму таомули наврӯзӣ, пухтани таомҳо ва рақсу суруд мардуми пойтахт ба истиқболи субҳи наврӯзӣ омаданд. Соли гузашта танҳо дар як нукта – Боғи Ғалабаи пойтахт таҷлили ид оғоз шуда буд.»

Ба гуфтаи сухангӯи шаҳрдорӣ, дар расми таҷлили Наврӯз дар пойтахт боз дигар навовариҳо ворид шуданд, масалан, агар дар гузашта соати 12-и шаб тариқи оташбозиҳо паёми наврӯзӣ дода мешуд, имсол ин тадбир ҳангоми дамидани субҳ гирифта шуд.




Вижагии Наврӯзи имсола «Корвони наврӯзӣ» буд, ки аз Боғи Ғалаба, баландтарин нуктаи Душанбе, ба шаҳр поён шуд, то бо садои сурнаю карнаю нақора мардумро аз омадани рӯзи нав хабардор кунад. Шавкат Саидов гуфт, «Корвони наврӯзӣ» аз ноҳияи Шоҳмансур ба дигар навоҳии Душанбе ҳаракат кард.

То нисфирӯзӣ кӯчаҳо, бахусус боғҳои истироҳатӣ ва тафреҳгоҳҳо, хеле серодам буданд, ки ин як навъ милаи наврӯзии бошандагони Душанберо мемонд. Ҳама либосҳои идона ба тан кардаву чеҳраҳо ба мисли гулҳои тозабаҳор шукуфта буданд.

Санавбар Раҳматова, омӯзгори 47-солаи пойтахт, мегӯяд, пас аз 15 соли муҳоҷират бори аввал аст, ки Наврӯзро дар ватан ҷашн мегирад: «Дар ҳамин хел боғи зебое, ки ман солҳои дароз надида будам, бори аввал меоям ва мебинам, ки дар ватани мо тағйироти зиёд шудаанд. Ҳоло дар ин боғи зебо, ки сайр мекунам, маро эҳсоси алоҳидае фаро гирифтааст, ки тавре мебинед, наметавонам суҳбат кунам.»

Дар қиёс бо кӯдакону калонсолон, ҷавонон бештар ба назар мерасанд, ки иддае фазои орому сокити наврӯзиро барои пур кардани холигоҳи шодиҳои худ нокофӣ мехонанд.

Асрор, як ҷавон, мегӯяд: «Он сол, ки консерт буд дар Ипподром, ҳама ҷамъ буданд. Имсол ҳама сари худ гашта истодааст. Консерт гуфта баромадем, аммо консерт нест. Хайр, насиб бошад, мешудагист дар ягон ҷо бузкашиву гуштигирӣ.»

Аммо Гулнора, як ҳамсуҳбати мо, ки бо ҷавонписарон баҳс дошт, бо хандаву ҳайрат аз он шикоят мекунад, ки ӯву дугонаҳояшро ором намегузоранд: «Безорамон кардаанд. Дар бадамон задаанд. Мегӯӣ, ки дар ҳамин боғ ба ҷуз мо духтаре набошад. Рост мегӯям, охир.»

Дар қатори мардуми Тоҷикистон мардуми кишварҳои дигар, ки дар ҳавзаи фарҳангии Наврӯз ҳастанд, низ дар Душанбе ид мекунанд.

Ҳабибуллоҳи Маҳшар, шаҳрванди Афғонистон, ки дар Қирғизистон ба сар мебарад, имсол бо даъвати дӯстонаш барои таҷлили Наврӯз ба Тоҷикистон омадааст. Вай мегӯяд: «Наврӯзи Афғонистону Тоҷикистон, ба далели ин ки ҳарду кишвар аз як чашмаи фарҳангиву таърихӣ об мехӯранд, аслан фарқе надоранд. Фарқи Тоҷикистон аз Афғонистон ин аст, ки ин ҷо амну амонист ва ин ҳама таъмин мешаванд.»




Таҷлили Наврӯз дар Иттиҳоди Шӯравӣ мамнӯъ буд, вале баъди соли 1991 дубора эҳё шуд. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, сол ба сол ба далели тарғиботи хеле зиёд дар расонаҳои Тоҷикистон таҷлили Наврӯз низ сол ба сол «таҳрир» шуда, беҳтар ва мардумитар мешавад.

21 март дар Тоҷикистон иди Наврӯз расман оғоз ёфта, таътилоти наврӯзӣ дар кишвар то 26 март давом хоҳанд кард. Тантанаи асосии наврӯзӣ имсол рӯзи 22 март бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон дар Наврӯзгоҳи Душанбе баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG