Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ваъдаи Обама ба гирифтани пеши роҳи Эрон


Обама ва Нетаняҳу

Обама ва Нетаняҳу

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ваъда дод, ки барои гирифтани пеши роҳи даст ёфтани Эрон ба силоҳҳои ҳастаӣ "тамоми кори лозим"-ро хоҳад кард.

Барак Обама, ки бо нахустин сафари расмӣ дар Исроил қарор дорад, рӯзи чоршанбе дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар Байтулмуқаддас гуфт, дар ҳоле ки барои иқдом ба роҳи дипломатӣ бартарӣ дода мешавад, боз ҳам “тамоми роҳҳо дар дасти баррасӣ қарор доранд.” Ӯ афзуд: “Мо ба ин мувофиқем, ки Эрони мусаллаҳ бо силоҳи ҳастах метавонад таҳдид ба минтақа, таҳдид ба ҷаҳон ва дар дурнамо як таҳдиди доимӣ ба Исроил шавад. Ва мо бар сари аҳдофи худ мувофиқем. Агар кор ба Эрони соҳиби силоҳҳои ҳастаӣ бикашад, мо сиёсати пешгирона надорем. Сиёсати мо ҷилавгирӣ аз даст ёфтани Эрон ба силоҳи ҳастаист. Мо ҳалли ин мавзӯъ бо роҳи дипломатиро бартарӣ медиҳем. Ва мо ҳанӯз барои чунин кор фурсат дорем. Раҳбарони Эрон аммо бояд бифаҳманд, ки онҳо бояд ӯҳдадориҳои байналмилалиашонро иҷро кунанд. Ва дар айни замон ҷомиаи байналмилалӣ роҳи афзоиши фишор ба давлати Эронро идома хоҳад дод.”

Обама гуфт, интизор надорад, ки Исроил дар масъалаи иқдоми низомӣ алайҳи аҳдофи ҳастаии Эрон рӯи Вошингтон бияндешад. Обама таъкид кард, ки мавқъи ҷуғрофии нисбатан наздиктари Исроил бо Эрон табъан метавонад сабаби арзёбии дар муқоиса бо Вошингтон дигари таҳдид аз сӯи ин кишвар шавад.

Нетаняҳу гуфт, “комилан мутмаин аст”, ки Обама дар амри ҷилавгирӣ аз пешрафти Эрон дар масъалаи таслиҳоти ҳастаӣ азми қотеъ дорад, вале афзуд, Исроил “наметавонад ҳаққи дифоъ аз худашро ба дигарон ҳавола кунад.” Сарвазири Исроил ҳамчуин гуфт: “Албатта, мизони осебпазирии мо гуногун аст ва имконоти мо низ. Мо инро ба ҳисоб мегирем. Ва ончӣ ки мо таъкид мекунем ва раисиҷумҳур (Барак Обама) ҳам, ба назари ман, низ чунин мекунад, ин аст, ки Исроил ҳаққи дифоъи мустақилона аз худаш дар муқобили ҳар навъ таҳдид, аз ҷумла таҳдид аз сӯи Эронро дорад.”

Сарвазири Исроил гуфт, ӯву Обама мувофиқанд, ки Эрон дар сурати идомаи талошҳояш метавонад дар тақрибан як соли дигар силоҳи ҳастаӣ бисозад.


Обама дар Байтулмуқаддас

Обама дар Байтулмуқаддас

Қаблан Обама дар пайи мулоқоти бо раисиҷумҳури Исроил Шимон Перес гуфт, Исроил “дӯсти бузургтаре аз Амрико надорад.” Перес гуфт, Исроил мутмаин аст, ки сиёсати Амрико аз даст ёфтани Эрон ба силоҳи ҳастаӣ пешгирӣ хоҳад кард. Перес, ҳамин тавр, Эронро бузургтарин таҳдид ба амнияти Исроил хонда, гурӯҳи ҷангии фаластинии Ҳамос ва Ҳизбуллоҳи шиъаҳои Лубнонро низ таҳдид ба Исроил ба қалам дод.

Барак Обама ҳамин тавр, дирӯз баробари расиданаш ба Тел-Авив гуфт, “ман эълон мекунам, ки иттиҳоми мо доим ва абадист.”

Обама, ки бо як сафари чоррӯза ба Ховари Миёна рафтааст, қарор аст, дар сарзаминҳои каронаи бохтарӣ бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқот кунад. Дар ҷараёни ин сафар ӯ ба дидори малики Урдун Абдуллоҳ низ хоҳад рафт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG