Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз: Иде аз Тоҷикистон то Эрону Балкан ва Қрим


21 март дар Тоҷикистон иди Наврӯз расман оғоз ёфта, таътилоти наврӯзӣ дар кишвар то 26 март давом хоҳанд кард. Эрону Озарбойҷон рӯзи чоршанбе расидани соли нави хуршедиро ҷашн гирифтанд. Ситорашиносон мегӯянд, ки лаҳзаи баробар шудани шабу рӯз, ки соли нави форсиро аз он ҳисоб мекунанд, дар Тоҷикистон низ дирӯз, соати 16-у 02 дақиқаи аср фаро расид. Наврӯз дар Эрону Осиёи Марказиву Афғонистон, қисматҳое аз Осиёи ҷанубиву шимолуғарби Чин, Қрими Украина ва ҳамин тавр, аз сӯи як бахши мардум дар нимқораи Балкан таҷлил мешавад. Таҷлили Наврӯз дар Иттиҳоди Шӯравӣ мамнӯъ буд, вале баъди соли 1991 дубора эҳё шуд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як табрикоти видеоӣ мардуми Эронро ба Наврӯз табрик гуфт.
XS
SM
MD
LG