Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико "ҳамлаи кимиёӣ" дар Сурияро таҳқиқ мекунад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Амрико эҳтимоли истифодаи силоҳҳои кимиёӣ дар ҳамлаи рӯзи сешанбе дар Сурияро таҳқиқ хоҳад кард. Аммо ӯ гуфт, ба иддаои режими Башор Асад, ки гӯё ин корро чирикиҳо карда бошанд, зиёд эътимод надорад. Обама дар Байтулмуқаддас гуфт, агар нирӯҳои давлатӣ аз силоҳҳои кимиёӣ кор бурда бошанд, режими Асад бояд ба масъулият кашонда шавад. Давлати Сурия ва чирикиҳо дар ин ҳамла дар шимоли кишвар якдигарро айбдор мекунанд. Сафири Сурия дар СММ мегӯяд, ки Димишқ аз дабири кулли СММ Бан Ки Мун таъсиси як куммиссиюни мустақил барои таҳқиқи ин қазияро хостааст. Эътилофи миллии мухолифини Сурия низ хостори таҳқиқи байналмилали ин ҳамла шудааст.
XS
SM
MD
LG