Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Панҷ то Туркманистон роҳи оҳан хоҳанд сохт


Сарони Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон дар Ишқобод ёддошти ҳусни тафоҳум дар мавриди бунёди роҳи оҳан байни ин 3 кишварро имзо карданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомиди Карзай бо даъвати Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои ширкат дар ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Туркманистон рафтаанд. Ин роҳи оҳани 400-километрӣ бояд шаҳри Атомурод Имомназари Туркманистонро тавассути Оқин-Андхойи Афғонистон бо Панҷи Тоҷикистон бипайвандад. Бунёди роҳ, қарор аст, моҳи июл аз Туркманистон шурӯъ шавад. Бахши афғонистонии ин роҳро низ Туркманистон хоҳад сохт. Дар ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ишқобод, қарор аст, раисиҷумҳурони Покистону Эрон Осифалӣ Зардорӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод низ ширкат варзанд.
XS
SM
MD
LG