Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Покистон 11 май доир мешавад


Интихоботи саросарии парлумонии Покистон ба рӯзи 11 май таъйин шуд. Сухангӯи раисиҷумҳур Фарҳатуллоҳ Бобур гуфт, Осифалӣ Зардорӣ пешниҳодеро, ки рӯзи интихоботро ниҳоӣ мекунад, пазируфт. Кумитаи парлумонӣ бояд то рӯзи ҷумъа барои идораи ҳукумат то рӯзи интихобот як кафили сарвазирро интихоб кунад. Ин интихобот дар ҳолест, ки барои бори аввал дар 66 сол таърихи Покистон як ҳукумати мулкиаш метавонад қудратро ба як ҳукумати мулкии дигар бисупорад. Таҳвили қудрат дар Покистон чандин бор тавассути табаддулотҳои низомӣ сурат гирифтааст. Ҳамлаҳои ҷангиёни Толибон ва хушунатҳо алайҳи шиъаҳо нигаронӣ дар бораи амнияти кишварро дар пешорӯи интихобот меафзояд.
XS
SM
MD
LG