Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қибрис роҳҳои наҷоти иқтисодашро ҷустуҷӯ мекунад


Михалис Саррис дар Маскав
Михалис Саррис дар Маскав
Раҳбари сиёсии Қибрис дар як музокироти изтирорӣ роҳҳои алтернативии ҷилавгирӣ аз вартаи варшикастагиро меҷӯянд. Парлумони Қибрис қаблан пешниҳоди кумаки байналмилалиро радд кард. ИА ва Сандуқи байналмилалии пул розӣ буданд, ки дар сурати ҷамъ шудани 5,8 миллиард евро саҳми худи Никозия ба Қибрис 10 миллиард евро қарзи оҷил диҳанд. Ҳукумати Қибрис мебоист саҳми худро аз тариқи андоз бастан ба ҳисобҳои бонкӣ ҷамъ мекард, вале парлумон рӯзи сешанбе ин нақшаро напазируфт. Куммиссиюни Аврупо рӯзи чоршанбе гуфт, акнун навбати Никозия аст, ки пешниҳоди алтернативие ироа кунад, вале афзуд, ҳар навъ пешниҳод бояд аз сӯи тамоми ҷонибҳои дахил пазируфта шавад.
Дар ҳамин ҳол, вазири молияи Қибрис Михалис Саррис дар Маскав бо мақомоти Русия роҳҳои кумаки он кишвар ба бонкҳои Қибрисро баҳс кардааст. Кадом пешрафте ҳанӯз ҳосил нашудааст, вале матбуоти Русия мегӯяд, ки музокирот имрӯз идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG