Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Перес Эронро бузургтарин хатар барои Исроил номид


Перес ва Обама

Перес ва Обама

Раисиҷумҳури Исроил Шимон Перес гуфт, Исроил итминон дорад, ки сиёсати Амрико аз даст ёфтани Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ҷилавгирӣ хоҳад кард. Перес дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама дар Байтулмуқаддас Эронро бузургтарин хатар ба амнияти Исроил ном бурд. Ӯ ҷунбиши ҷангии фаластинии Ҳамос ва Ҳизбуллоҳи Лубнонро низ ҳамчун хатар ба Исроил ба қалам дод. Перес афзуд, амбори силоҳҳои кимиёии Сурия набояд ба дасти гурӯҳҳои террористӣ биуфтад. Обама дар ин нишасти хабарӣ гуфт, Исроил “аз Амрико дида, дӯсти бузургтаре надорад.” Обама дар оғози боздидаш аз Исроил гуфт, ки “иттиҳоди мо беохир ва абадист.”
XS
SM
MD
LG