Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати дувуми идораи СММ ба раҳоии Абдуллоҷонов


Абдумалик Абдуллоҷонов дар додгоҳ (15 март)

Абдумалик Абдуллоҷонов дар додгоҳ (15 март)

Идораи куммиссари олии СММ дар умури паноҳандагон бори дувум аз Украина даъват кард, ки сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро аз боздошт раҳо кунад. Ин идора мегӯяд, ки Абдуллоҷонов дар Амрико мақоми паноҳандагӣ дорад ва истирдоди ӯ ба Душанбе мухолифи паймони соли 1951 дар бораи ҳуқуқи паноҳандагон аст, ки “ихроҷ ё иҷборан баргардондани афроди соҳиби мақоми паноҳандаро манъ мекунад.” Абдуллоҷонов рӯзи 5 феврал дар Украина боздошт шуд. Дар Тоҷикистон ӯро ба ҷиноятҳои сангине, чун сирқати пул, талоши ғасби давлат ва куштор айбдор мекунанд. Додгоҳи ноҳиявии Украина рӯзи 15 март ҳукм баровард, ки Абдуллоҷонов то замони баррасии масъалаи истирдодаш то 12 моҳ дар ҳабс бимонад. Вакили мудофеъи ӯ аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст.
XS
SM
MD
LG