Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умаралӣ Қувватов як ҳафта боз бедарак шудааст


Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Қувватов
Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Қувватов
Пайвандони Умаралӣ Қувватов, соҳибкори тоҷик ва раҳбари созмони мухолифи “Гурӯҳи 24”, ки аз 23 декабр дар Дубай дар боздошт қарор дошт, мегӯянд, як ҳафта боз дараке аз ӯ надоранд. Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Қувватов ба Озодӣ гуфт, ӯро шаби 14 март аз ҳуҷрае, ки қарор дошт, берун бурдаанд ва дигар маълум нест, ки куҷост.
Сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дирӯз эҳтимоли ба Душанбе оварда шудани Умаралӣ Қувватовро радд кард. Аммо дар соли 2005, вақте Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократ низ дар Маскав ғайб зад, мақомоти Душанбе мегуфтанд, ки аз сарнавишти ӯ хабар надоранд. Вале баъди чанде маълум шуд, ки Искандаровро ба таври то ҳол мармуз аз Маскав ба Тоҷикистон овардаанд. Соли гузашта соҳибкори тоҷик Низомхон Ҷӯраев низ дар Маскав ғайб зада, баъди чанд рӯз хабараш аз боздоштгоҳи Душанбе расида буд. Умаралӣ Қувватов дар Тоҷикистон ба қаллобӣ ва сирқати пул айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG