Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин созишнома бо Тоҷикистонро ба Дума фиристод


Созишнома дар бораи шароити ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ҳангоми сафари Путин ба Душанбе дар моҳи октябр имзо шуд.
Созишнома дар бораи шароити ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ҳангоми сафари Путин ба Душанбе дар моҳи октябр имзо шуд.

Созишнома замоне ба порлумони Русия фиристода шудааст, ки баҳс сари он миёни ду тараф дигарбора авҷ гирифтааст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии кишвараш дар Тоҷикистонро барои тасвиб ба порлумон фиристодааст, ки баҳс сари он дигарбора миёни ду кишвар авҷ гирифтааст. Ҳукумати Русия имрӯз бо нашри хабаре дар торнамои худ, гуфтааст, ки тасвиби ин созишнома бар манфиати миллии Тоҷикистону Русия аст ва «харҷи зиёдатие барои буҷаи давлатӣ» намеорад. Созишнома дар мавриди тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2012 дар Душанбе ба имзо расид ва бар асоси он пойгоҳи мазкур, ки бештар аз 6 ҳазор сарбоз дорад ва бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз он кишвар аст, то соли 2042 дар Тоҷикистон мемонад.

Ҳукумати Русия дар шарҳи ин созишнома гуфтааст, ки пойгоҳи 201-ум дар замони ҳузураш дар Тоҷикистон манофеъу амнияти Русия ва ҳам мизбони онро ҳимоят мекунад. Дар ин шаҳр омадааст, ки барои расидан ба ин ҳадаф Русия дар таъмини Тоҷикистон бо аслиҳаву муҳимоти лозим ва техникаи низомиву махсус мусоидат мекунад. Рӯзе пештар аз ин расонаҳои Русия гуфтанд, ки тарафи Тоҷикистон, ки то ҳол созишномаи мазкурро дар порлумон тасвиб накардааст, мехоҳад, ки дар ивази мизбонии пойгоҳи Русия ба Душанбе кӯмакҳои бештар кунад. Баъди музокироти тулонӣ, ки миёни Тоҷикистону Русия дар бораи шароити ҳузури пойгоҳ, ки боиси сардии равобит миёни ду кишвар шуд, дар ниҳоят ҳукумати Русия ризоият дод, ки солона ба Тоҷикистон маводи сӯхти лозимиро бидуни боҷи гумрукӣ мефурӯшад ва қарордод ҳам дар ин замина имзо шуд.


Миёни ду кишвар ҳамчунин созишномае имзо шуд, ки иҷоза медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон на дар муддати 8, балки то 15 рӯз худро дар ниҳодҳои марбутаи Русия сабти ном кунанд.Русия мизбони садҳо ҳазор нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик аст. Ба гуфтаи расонаҳои Русия, ҳоло Тоҷикистон ин имтиёзҳоро кам медонад ва мехоҳад, аз Маскав барои тарҳҳои дигар, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ пул ба даст меорад. Агарчӣ мақомоти Тоҷикистон ин гуфтаҳоро рад кардаанд, аммо дар гузашта, вакилони порлумон гуфтаанд, ки созишномаи пойгоҳи 201-уми Русия бояд бо назардошти имзои созишномаҳои дигар ва иҷро шудани тааҳудот аз тарафи Маскав тасвиб шавад.


Мӯҳлати ҳузури пойгоҳи Русия, ки ду даҳсола боз дар Тоҷикистон то поёни соли 2014 ба поён мерасад. То чанд рӯзи пеш, созишномаи ҳузури пойгоҳи Русия ба порлумони Тоҷикистон барои тасвиб пешниҳод нашуда буд вале зоҳиран дар сафари ҳафтаи пеши Виталий Герасимов, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба Душанбе ҳамин масъала баррасӣ шудааст. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки масоили зиёдеро баҳс кардааст, вале шарҳи «ҷузъиёти онро» зарур намешуморад. Зимнан ҳукумати Русия ҳамчунин созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии кишвараш дар Қирғизистонро низ барои тасвиб ба Думаи Давлатӣ, палатаи поёнии порлумон фиристодааст, ки бар асоси он бояд Русия ҳамасола ба Қирғизистон тақрибан 5 миллион доллар иҷорапулӣ бипардозад.
XS
SM
MD
LG