Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Перес Эрону Ҳамос ва Ҳизбуллоҳро хатар номид


Барак Обама ва Бенямин Нетаняҳу дар гузашта дар мавриди қазияи фаластиниён ихтилофи назар доштанд.

Барак Обама ва Бенямин Нетаняҳу дар гузашта дар мавриди қазияи фаластиниён ихтилофи назар доштанд.

Раисиҷумҳури Исроил Шимон Перес гуфт, Исроил итминон дорад, ки сиёсати Амрико аз даст ёфтани Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ҷилавгирӣ хоҳад кард.


Перес дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама дар Байтулмуқаддас Эронро бузургтарин хатар ба амнияти Исроил ном бурд. Ӯ ҷунбиши ҷангии фаластинии Ҳамос ва Ҳизбуллоҳи Лубнонро низ ҳамчун хатар ба Исроил ба қалам дод. Перес афзуд, амбори силоҳҳои кимиёии Сурия набояд ба дасти гурӯҳҳои террористӣ биуфтад. Обама дар ни нишасти хабарӣ гуфт, Исроил “аз Амрико дида, дӯсти бузургтаре надорад.” Обама дар оғози боздидаш аз Исроил гуфт, ки “иттиҳоди мо беохир ва абадист.”

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар оғози боздидаш аз Тел Авив гуфт, азми кишвараш барои таъмини амнияти Исроил ҳамчунон қатъист: “Ман ин сафарро фурсате медонам, барои дигарбора таъкид кардан ба аҳди ношикастании ду кишвар ва таъкид ба азми мустаҳками Амрико барои таъмини амнияти Исроил ва гуфтӯгуи мустақим бо мардуми Исроил ва ҳамсояҳои шумо.“ Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ба Барак Обама барои ҳимояташ аз ҳаққи Исроил изҳори сипос кард.

Обама ва Нетаняҳу дар аҳди аввали раёсати ҷумҳурии Барак Обама дар масъалаи фаластиниён ихтилофи зиёди назар доштанд. Интизор меравад, дар боздиду мулоқотҳои Барак Обама бо Бенямин Нетаняҳу ва Шимон Перес, нахуствазири Исроил, барномаҳои ҳастаии Эрон, низоъи Сурия ва масъалаи Фаластину Миср аз мавзӯъҳои аслии сӯҳбат бошанд.

Аммо Бенҷамин Родс, муовини мушовири амнияти миллии Барак Обама ба хабарнигорон гуфт, ки аз боздиди ӯ натиҷаҳои бузурге интизор надошта бошанд, зеро Барак Обама бо пешниҳодҳои наву сиёсатҳои тозае наомадааст: “Мо ҳамеша возеҳ гуфтаем, ки ин сафар талоше барои пешниҳоди ташаббусҳои нав ва ё такмил кардани кор дар масъалаи махсусе нест. Ошкор мегӯям, ки ин боздид аз он назар арзишманд аст, ки дар Исроил ва Амрико ҳукуматҳо нав ҳастанд ва мо муколамаи васеъе стротегие дошта бошем.“


Аз онҷо ки ду тараф, мунтазири “натиҷаҳои воқеъӣ” нестанд ба гуфтаи таҳлилгарон, Барак Обама суханрониаш ба мардуми Исроилро ба ҳайси як фурсате барои ба даст овардани дили онҳо истифода хоҳад кард, ки ҳоло ба аҳди Обама ба ҳампаймонии ду кишвар эътимоди зиёд надоранд. Ариел Левите, аз мушовирони собиқи амнияти миллӣ дар ҳукумати Исроил ва ҳоло таҳлилгар дар Пажӯҳишгоҳи Сулҳи Байналмилали Карнеги мегӯяд: “Ин як сафари деринтизор аст. Дар аҳди аввали раёсати ҷумҳуриаш ба Исроил сафар накардани Барак Обама ба манфиати онҳое шуд, ки ба ниятҳои Обама нисбат Исроил ва амнияти он шубҳа доранд. Ин як роҳе барои аз байн бурдани чунин эҳсосу шубҳа ҳаст ва ҳам далеле барои ҳукумати Обама, ки ӯ дар андешаи Исроил ҳам ҳаст.“


Ариел Левите меафзояд, Барак Обама ҳамчунин бо вакилони исроилие сӯҳбат хоҳад кард, ки мухолифи мавқеъи Амрико ҳастанд, ки мехоҳад, Исроил бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламравҳои ишғолиро мутаввақиф кунад ва дар робита ба Эрон ҳадди аққал барои ҳоло роҳи ҳалли сиёсиро пеш бигирад, на низомиро. Барак Обама дар ин боздидаш чанд гомҳои рамзӣ ҳам хоҳад бардошт. Ӯ катибаҳои Баҳри Мурдаро хоҳад дид, ки он катибаҳои қадимаро далели иртиботи яҳудиёни бостонӣ ба сарзамини Исроил медонанд. Обама ҳамчунин аз маҳалли сипари дифоъи мушакии Исроил мавсум ба Гунбади оҳанин дидан мекунад, хотираи қурбониёни Ҳолокостро гиромӣ медорад ва дар гӯри Теодор Ҳерзл гул мегузорад, ки ин фардро падари саҳюнизми модерн мешуморанд.


Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 21 март ба Канораи Ғарби Рӯди Урдун меравад ва бо раиси ҷумҳури Фаластиниён низ гуфтӯгуе хоҳад дошт. Ҳукумати Амрико гуфтааст, ки сафари кӯтоҳ ба Канораи Ғарб, “ҳимояти Амрико аз Ташкилоти Худгардони Фаластинро” тақвият хоҳад бахшид ва ба ҳарду раҳбар имкон медиҳад, роҳҳои пешрафт дар музокироти муттавақифшудаи сулҳ миёни Исроилу-Фаластиниёнро баррасӣ кунанд.Амрико соли гузашта ба пешниҳоди фаластиниён мухолифат кард, ки хостанд, онҳоро ба ҳайси як кишвари ғайриузв дар Созмони Милал бипазиранд, ки як навъи эътирофи ғайримустақими Фаластин ба ҳайси як кишвар хоҳад буд.


Раиси ҷумҳури Амрико боздидаш аз Ховари Миёнаро дар Урдун хотима хоҳад дод, ки қарор аст, онҷо бо Шоҳ Абдулло доир ба ҷанги дусолаи Сурия сӯҳбат кунад, ки то кунун 70 ҳазор нафар кушта бар ҷой гузошта, миллионҳо нафари дигарро бехонумон кардааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, Барак Обама зоҳиран дар Урдун дигарбора таъкид хоҳад кард, ки Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аз қудрат биравад ва роҳро барои интихоби як ҳукумати мардумӣ боз кунад.
XS
SM
MD
LG