Пайвандҳои дастрасӣ

«Деги дарвешон» яке аз ойинҳои бостонии наврӯзист дар баробари «Гулгардонӣ», ки дар деҳоти Тоҷикистон аз нав эҳё мешавад.

Аммо сокинони рустои Қаратоғ дар ноҳияи Турсунзода мегӯянд, маросими «Деги дарвешон»-ро аз қадимулайём ҳифз кардаанду ба наслҳои баъдӣ мерос мегузоранд. Ба гуфтаи солмандони ин русто, “деги дарвешон” як ормони пешгирӣ аз хушксолӣ ва гуруснагист.

Чинигул Мирзомуродоваи 60-сола гуфт, маросими “Деги дарвешон” дар ин деҳа баробари фарорасии фасли баҳор ва иди Наврӯз шурӯъ шуда, чанд рӯз давом мекунад. Дар як мавриди он, рӯзҳои ид занону мардон аз ҳаммаҳалҳояшон гандум, мош, нахӯд, лӯбиё, биринҷ ва гиёҳҳои хуштаъми баҳорӣ ҷамъ оварда, «оши кӯча»-ро омода мекунанд ва сароғоз ба шахсони «бекасукуй» ва пирони барҷомонда мефиристоданд. Сипас ба кӯдакон ҷои нишаст омода карда, дастурхон ороста, онҳоро зиёфат медиҳанд. Ва баъд бақияи ғизоро ба хонаҳо тақсим мекунанд.

Чинигул Мирзомуродова

Чинигул Мирзомуродова

Аммо боз ин маросим, ба таври дигар аз ҷониби гуруҳи ҷавонону наврасон баргузор мешавад, ки он аз “деги дарвешон”-и калонсолон каме фарқ дошта онҳо ин маросимро на дар кӯча, балки дар дашту куҳҳо барпо мекунанд: “Бисёре аз хӯрокҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон аз гиёҳҳои баҳорӣ таҳия мешаванд, яке аз ин ғизоҳо "оши кӯча" аст, ки ҷавонон дар кӯҳ ана ҳамин намуди ғизоро омода мекунанд. Боз онҳо бо сатилҳо об мебаранд ва барои пешгирӣ аз хушксолӣ ба ҳамдигар “ошпошак” мекунанд то борон борад ва хушксолӣ нашавад.”

Фарангис ҷавондухтарест, ки ҳамасола бо ҳамсолонаш ин маросимро ид мекунад. Вай мегӯяд, онҳо алакай барои омода кардани “оши кӯча ”ки аз гандум тайёр мешавад, омодагӣ дидаанд ва дар рӯзҳои Наврӯз ба дашту теппаҳо баромада, оини “деги дарвешон”-ро баргузор мекунанд. Фарангис гуфт, онҳо чанд рӯз қабл гандумро дар об тар карда рӯзи дигар онро бо духтарҳо кӯфта, барои пухтани “оши кӯча” омода карданд: “Ҳамроҳи як гуруҳ духтарҳо меравем дар дашт, онҷо хӯрок мепазем, бо худ доира мебарем рақсу бозӣ мекунем. Шеърхонӣ мекунем. Баъд ба ҳам дигар обпошак карда, баҳору наврӯз муборак мегӯем. Ҳар сол дар вақти иди Наврӯз мо деги дарвешон мекунем.”

Саид - сокини Қаратоғ

Саид - сокини Қаратоғ

Саид, сокини дигари Қаратоғ мегӯяд, вай ва дӯстонаш ду соли охир ойини ”деги дарвешон”-ро дар майдончаи назди мактаби деҳа баргузор мекунанд:
“Мо низ ду сол пештар бо иддае аз ҷавонон миқдоре аз маҳсулоти хӯрокаро ба куҳу теппаҳо бароварда хӯрок омода мекардем, баъдан гул мечидему ба наздиконамон овара ба муносибати Иди Наврӯз табрик мекардем. Ҳоло бошад мо бояд ин маросимҳоро аз калонсолон бештар омӯхта, барои ҳамин ба кӯҳ намебароем.”

Муҳайёи Холмурод анъанаи наврузии “деги дарвешон”-ро яке аз рамзҳои асосии омадани баҳору Наврӯз унвон кард. Вай гуфт, ривояти пайдоиши ин анъанаро аз модаркалонаш шунидаасту онро ба фарзандонаш мерасонад. Бино бар ин достон, дар гузашта мардум зиндагии сангин доштанд ва маъмулан дар ин рӯзҳои аввали баҳор захираи ғизои бисёриҳо ба поён мерасид. Барои бо ҳам дидани охирин захираҳо онҳо маросими «деги дарвешон»-ро баргузор мекарданд ва ин анъанаро фоли нек медонистанд, ки ба баҳори нав расиданду боз хонадонашон пурфайз мешавад: “Ба ғайр аз деги дарвешон боз ҳастанд расму оинҳое ки дар Қаратоғ баргузор мешавад. Мо боз дар маросими «деги дарвешон» арӯсонро ҳам даъват мекунем, ба онҳо пешниҳод мекунем, ки дар назди дастурхоне ки омода шудааст, орзу бикунанд то фарзандони неку ба дунё биёранд.”

Мирзо Бобокалонов, сокини 98-солаи Қаратоғ, ки пири деҳа номаш мебаранд, нақл мекунад, ки дар солҳои пеш маросими “деги дарвешон”-ро мардҳо созмон дода, ду пирамард ба дарҳо рафта “Садақа радди бало, ба қавли Расули Худо”- гӯён аз мардум кӯмак мехостанд. Ҳар як хонадон барои деги дарвешон ба қадри имкон чизе медод. Ба гуфтаи Бобои Мирзо, баъзе деҳқонони миёнаҳол буз медоданд ва оилаҳои камбизоат маҳсулоти камтар. Чизу чораи ҷамъовардаро бо маслиҳати арбоби деҳ дар як рӯзи бахосият дар назди чашма ё наҳре молҳоро кушта, оши палав, гоҳҳо шӯрбо ё дупиёза (гӯштбирён) мекарданд: «Дар охири маросим мулло ё муйсафед оятеро аз Қуръони Маҷид қироат карда, ба арвоҳи азизу авлиёҳо ва гузаштагон мебахшиданд. Дар поёни маросим ҳатман обшапак карда ҷавонмардонҳо ҳамдигариро бо оби наҳр ё дарё мехобониданд. Мардум ба он бовар буданд, ки баъди анҷоми чунин корҳо, ҳатман борон меборад.»

Дилшод Раҳимӣ - фолклоршиноси тоҷик

Дилшод Раҳимӣ - фолклоршиноси тоҷик

Дилшод Раҳимӣ, фолклоршиноси тоҷик ва муаллифи китоби “Фарҳанги мардуми диёри Турсунзода”, мегӯяд, дар воқеъ маросими “деги дарвешон” дар водии Ҳисор маъмул буда ҳатто ҷавонон баробари фарорасии иди Наврӯз, онро иди “Деги дарвешон” ном мебаранд. Ӯ мегӯяд, яке аз анъанаҳои хоси ин маросим пухтани “оши куча” ва ё «гандумкӯча» аст, ки онро ҳатман ба дарвешони бехонаҳо тақсим мекарданд: “Дар асл пухтани хӯроки донагӣ ин худ рамзи баракату фаровонии кори кишоварзӣ аст. Аз ҷониби дигар ин анъанаро барои талаби борон ҳам ҷашн мегиранд. Яъне “Деги дарвешон” бо ҳамин истилоҳ дар водии Ҳисор маъмул буда, дар минтақаҳои дигари кишвар ин маросим номи муаян надорад.”

Сокинони рустои Қаратоғ мегӯянд, ҷашни Наврӯз дар ин деҳа аз тамоми идҳо бошукуҳ ва бо баъзе анъанаҳои аҷибу ғариб таҷлил мегардад ва мардуми рустои Қаратоғ ва гирду атрофи он Наврӯзро 8 рӯз ид мекунанд. Анъанаҳои наврӯзии сокинони ин русто мисли дигар минтақаҳои кишвар пухтани суманаку “гандумкӯча” ва маросими “бузкашиву гуштигирӣ”-ро ҳам дар бар мегирад.

Ҳамчунин, аз аввали фасли баҳор маросимҳои хосаи ин русто аз “Гулгардонӣ” оғоз шуда то ба маросимҳои “Сустхотун”, “Чалахотун”, “Майда”, “Иди Гули Биҳӣ” ва “Деги дарвешон” анҷом мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG