Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқобод


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ба Туркманистон сафар кард. Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон рӯзи 20-уми март иттилоъ дод, ки дар ин сафар президенти Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии раисиҷумҳур оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Маросимҳои Ҷашни Наврӯзи байналмилилӣ фардо дар пойтахти Туркманистон бо ҳузури мақомоти кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор мешавад. Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 дар қатъномае иди Наврӯзро ба унвони «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба расмият шинохта буд.
XS
SM
MD
LG