Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс: Интихобот дар Афғонистон бояд мунсифона гузарад


Сюзан Райс
Сюзан Райс
ИМА ба Афғонистон ҳушдор дод, ки баргузории интихоботи мунсифонаи раёсатҷумҳурӣ дар соли 2014 - шарти асосии идомаи пуштибонии байнулмилалӣ дар оянда хоҳад буд. Сюзан Райс, намояндаи доимии ИМА дар СММ ахиран гуфт, ки натиҷаҳои интихоботи сарвари Афғонистон бояд аз сӯи мардуми кишвар чун “комилан қонунӣ” арзёбӣ шавад.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, хостори ширкати густурдаи шаҳрвандони Афғонистон дар интихобот шуд. Ба гуфтаи ӯ, фақат аз ҳамин роҳ раванди гузариш аз сӯи қишрҳои гуногуни ҷомеъа ҷонибдорӣ хоҳад шуд.

Ин изҳоротҳо дар ҳоле пахш шуданд, ки таниш миёни раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва ИМА, ки эътилофи низомӣ дар Афғонистонро раҳбарӣ мекунад, ҳарчӣ шадидтар мешавад. Нерӯҳои байнулмилалӣ бояд то охири соли 2014 Афғонистонро тарк намоянд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон моҳи апрели соли оянда баргузор мешавад. Карзай эълом дошт, ки барои бори сеюм сарвари Афғонистон шудан талош нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG