Пайвандҳои дастрасӣ

Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Бадахшон се наврас даст ба худкушӣ заданд.

Ба гуфтаи сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилоят Мизроб Доробов, яке аз ин ҳодисаҳо дар ноҳияи Шуғнон ва ду тои дигар дар шаҳри Хоруғ рух доданд.

Оқои Доробов дар тафсили ин ба "Озодӣ" гуфт, ки аз се ҳодисаи худкушие, ки пай дар пай ба вуқӯъ пайвастанд, дар яке толибаи синфи 11-и мактаби рақами 20-и ноҳияи Шуғнон ва дар дигаре толибаи синфи 9-и мактаби рақами 9-и шаҳри Хоруғ даст ба худкушӣ заданд. Дар ҳодисаи саввум, ки шаби гузашта, яъне 20-уми март сар зад, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 5-и шаҳри Хоруғ Мирмамадов Азиз, соли таваллудаш 1995, худкушӣ кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, соли равон қаблан ду ҳодисаи талоши худкушӣ миёни наврасон ба қайд гирифта шуда, ки дар натиҷа як нафар ҳалок шуда ва як тани дигарро ҳамсояҳо аз зери дор халос карданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афзоиши худкуширо дар қаламрави вилоят бесобиқа хонда мегӯяд, ки аз оғози сол то ба ҳол дар вилоят 11 ҳодисаи талоши худкушӣ рух дода, бар асари он 9 нафар ҷонашонро аз даст додаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, шумораи худкушӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта дувуним маротиба афзудааст. Соли гузашта дар Бадахшон 14 кас даст ба худкушӣ заданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG