Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот: "Зукоми хук" ба Тоҷикистон сироят накардааст


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти беҳдоштӣ мегӯянд, ки ба сирояти эҳтимолии «зукоми хук» аз хориҷ ба Тоҷикистон, омодагии комил доранд.

Хадамоти назорати санитарӣ ва эпидомологии Тоҷикистон мегӯяд, ки вазъи беҳдоштии кишвар таҳти назорати ҷиддии мақомоти тандурустӣ қарор дорад ва эҳтимоли аз Ҳиндустон сироят шудани вируси хук дар Тоҷикистон, ҷой надорад.

Ин дар ҳолест, ки бино бар хабарҳо, беш аз 100 нафар дар Ҳиндустон -- кишваре, ки ба Тоҷикистон гӯшт, тухм ва дигар навъи хӯрокворӣ содир мекунад, ба зукоми хук гирифтор шудаанд.

Ноиби мудири Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Тоҷикистон, Наврӯз Ҷаъфаров, рӯзи 20-уми март ба «Озодӣ» гуфт, ки тамоми мақомоти тандурустии Тоҷикистон, минҷумла Хадамоти назорати санитарӣ- эпидомологӣ вазъи беҳдоштии кишварро ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли сирояти зукоми хук аз хориҷ ба Тоҷикистон, таҳти назорати ҷиддӣ қарор додаанд.

Ба гуфтаи вай, дар соли 2009 нахустин бор бемории «зукоми хук» ба воситаи як корманди созмони байналмилалӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Ва дар соли 2009 ҳудуди 6 нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо худ зукоми хукро ба Тоҷикистон оварда буданд.

Ҷаноби Ҷаъфаров афзуд, ки ворид шудани гӯшту тухм ва дигар анвои хӯрданӣ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ҳеҷ хатаре барои сирояти «вируси хук»ро надорад. Зеро ин вирус як навъи зуком (грипп- H-1M-1) буда, танҳо аз инсон ба инсон сироят мекунад.

Вале чун рафтуомади шаҳрвандони Ҳиндустон ба Тоҷикистон ва ҳамчунин аз ин кишвар ба Ҳиндустон идома дорад, Хадамоти санитарӣ ҳамаи шароитро рӯи даст гирифтааст, ки ин вирус сироят наёбад. Дар фурудгоҳҳои Душанбеву Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ нуқтаҳои назоратӣ амал мекунанд.

Зукоми хук аввалин бор дар Тоҷикистон дар соли 2009 ба қайд гирифта шуд, ки он ҳангом 182 гирифтори зукоми хук ба қайд гирифта шуда буд ва 12 нафар, аз ҷумла 11 зани ҳомила, даргузаштанд.
XS
SM
MD
LG