Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз дар Тоҷикистон фаро расид


Наврӯз - Соли нави ҳиҷрӣ-хуршедӣ, соати 16-у 02 дақиқаи имрӯз, чоршанбеи 20-уми март ба сарзамини Тоҷикистон ворид шуд.

Хурсанд Ибоддинов, раиси Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон зимни таъиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «бар асоси тақвими милодӣ ва хуршедӣ, соати 16-у 02 дақиқаи имрӯз 20-уми март, баробаршавии шабу рӯз ба амал меояд, ки ин воридшавии Наврӯз мебошад.»

Ба ин тартиб ҷаноби Ибоддинов мегӯяд, ки бо дар назардошти тафовути замонӣ, Соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз дар Тоҷикистон қабл аз Эрону Афғонистон ворид мешавад. Зеро аз лиҳози замонӣ, миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон мутаносибан яку ним ва ним соат фарқ аст.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки Наврӯз ба сарзамини тоҷикон нимаи дуввуми рӯз ворид мешавад, шаҳрдори Душанбе низ барномаҳои идона ба ин муносибатро аз шоми имрӯз оғоз мекунад. Он гуна, ки Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе гуфт, бо тасмими Маҳмадсаид Убайдуллоев, шоми 20 ба 21--уми март дар ҳама ноҳияҳои пойтахт барномаҳои идона, ки фарогири суннатҳои наврӯзӣ, аз қабили таҳияи суманак ва хони наврӯзӣ, маҳфили шеъру тарона ва сайру гашти сокинон, аст, баргузор мегардад.

Аммо фейрвеки идона ба муносибати ворид шудани соли нав -Наврӯз, субҳи барвақти панҷшанбеи 21-уми март дар «Боғи Ғалаба» доир мешавад ва то поёни рӯз сайру гашт дар назар аст. Барномаи асосии идонаи наврӯзӣ ҷумъаи 22-юми март дар «Наврӯзгоҳ», бо намоиши театрикунонидашудаи суннату ойинҳои наврӯзӣ, сурат мегирад. Ҳамчунин ҷашни Наврӯз дар тамоми кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт ва саросари Тоҷикистон низ бо барномаҳои вижа таҷлил мегардад.

Ҳаводорону алоқамандони варзишро, рӯзҳои якшанбе ва душанбеи 24 ва 25 март мусобиқаҳои аспдавонӣ ва гуштии миллӣ дар маҳалли «Наврӯзгоҳ» интизор аст, ки ғолибон бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Зимнан, имсол иди Наврӯз дар Тоҷикистон шаш рӯз, аз 21 то 26 март таҷлил карда мешавад ва ба ин далел ин рӯзҳо таътил аст. Ҳарчанд расман дар айёми «Наврӯз» чор рӯз таътилӣ аст. Вале имсол ду рӯзи таътили расмӣ ба рӯзҳои истироҳатӣ, яъне шанбе ва якшанбе рост омадааст ва аз ин рӯ сокинони кишвар рӯзҳои душанбе ва сешанбеи 25 ва 26 март таътил хоҳанд кард.

Наврӯз иди мардумист ё расмӣ?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00
XS
SM
MD
LG