Пайвандҳои дастрасӣ

Паёмҳои наврӯзии аҳли адаб ва ҳунари Тоҷикистон


Абдулҳами Самадов, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон.

Абдулҳами Самадов, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон.

Дар остонаи ҷашни Наврӯзи Аҷам, аҳли адаб ва ҳунари Тоҷикистон ин ҷашни бостониро ба мардуми кишвар табрик гуфтанд.

Абдулҳамид Самадов, муовини раиси Иттиҳоди нависандагон:

Наврӯзи имсола бо як шукӯҳ ва азамати хоса ба Тоҷикистон қадам ниҳод. Дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ базмҳои наврӯзӣ идома дорад. Барои адибони тоҷик, ки аслан як сарчашмаи илоҳомашон Наврӯзу баҳор ва расму оинҳои миллӣ мебошад, бо суруду таронаҳои тоза дили ҳамватанонро шод мегардонанд.

Ҷашни Наврӯзи Аҷамро аз номи аҳли адаб ба мардуми азиз - Тоҷикистон шодбош мегӯям ва дар ҳаёти онҳо фақат хуширо таманно дорам. Орзу мекунам, ки хонаашон пур аз гандум, орзуҳошон сабз ва дар муҳити сулҳу сафо умр ба сар баранд.

Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон.

Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон.

Аммо Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик «Наврӯзро омили сарҷамъӣ ва муттаҳидии мардумони минтақа ва ҷаҳон ва омили ҷилавгирӣ аз ихтилофу низоъҳо медонад.

Вай мегӯяд, дар ҳоле, ки соҳибони ин ҷашн, назири Афғонистон ва Эрон дар шароити феълӣ рӯ ба рӯйи мушкилот ва хатароти амниятӣ ҳастанд, Наврӯз метавонад, ки дар ҳалли мусолиматомези қазияҳои ин кишварҳо кӯмаку мусоидат кунад.

Саттор Турсун, нависанда:

Наврӯз ҷашни куҳан мардумро ба озодагӣ, рафоқат, садоқат ва муҳаббат даъват мекунад, ки ин орзуи ҳамаи инсонҳост: чӣ дар Шарқу Ғарб, чӣ дар Шимолу Ҷануб. Пас, ғояҳое, ки дар Наврӯз ниҳон ҳаст, дархӯри дардҳои мардуми оламанд. Наврӯзро ба ҳама пиру ҷавон, ба онҳое, ки роҳи муҳаббат мепоянду роҳи садоқат меҷӯянд, сулҳ мехоҳанд, муборакбод мегӯям.

Аскар Ҳаким, шоир:

Ҷашни Наврӯз аз бостонитарин ва гиромитарин ҷашнҳои мардуми ориётабор, хусусан мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Унсурҳои бисёр ҳам муҳими мардуми ориётаборро дар худ таҷассум намудааст. Ин ҷашнест, ки фалсафаи мардуми тоҷик ва ориётаббор дар худ ғунҷонидааст. Ин фалсафа аз он иборат аст, ки ҳаёт сарчашмаи зебоӣ, муҳаббат ва офаридагорист. Аз ин рӯ, дар Наврӯз ҳама хурсандӣ ва шодмонӣ мекунанд.

Маҳз, бо ин ҳама унсурҳои бисёр зебо ва пандомӯзаш ҳазорсолаҳо зиндааст. Соли дуюм аст, ки Наврӯз, ба унвони ҷашни байналмилалӣ, таҷлил мешавад. Ба ҳамаи онҳое, ки ин ҷашнро самимона, истиқбол мекунанд, табрик мегӯям. Барояшон сари сабз, рӯзгори обод ва чеҳраи ҳамеша шукуфон, чун баҳори Тоҷикистонро хоҳонам.


Меҳринисо, шоира

Меҳринисо, шоира

Меҳринисо, шоира:

Баҳоронро бинозам, ки савоб аст,
Саволи будани моро ҷавоб аст.
Замин сабзу фалак обиву обӣ,
Дуои пиру барно мустаҷоб аст.

Хушо Наврӯз, хушо рукнҳои он ва хушо сабақҳои Наврӯзӣ, барои тамоми мардуми ҷаҳон, ин замини зебо, ин сайёраи сабзу гуворое, ки дар он инсонҳо сарбаландона зиндагӣ мекунанд. Баҳори ҳамаи мардум, бахусус мардуми тоҷикзабони дунё, барои ҳама муборак бошад. Бигзор бахт, саодат, сарбаландиву хушбахтӣ насиби инсоният гардад, то воқеан орзуи ҳазорнсолаи ҳам Наврӯз ва ҳам мардуми дунё амалӣ шавад.

Афзалшо Шодиев, овозхон, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон:

Мехоҳам дар ҷашни Наврӯз, ҳама мардумони ҷаҳон ба ҳам дасти меҳру муҳаббат ва дӯстӣ бикшоянд. Қазияҳое, ки дар давлати Сурия ва дигар мамолик идома доранд, поён ёбанд. Зеро як суннати Наврӯз, бахшидани гуноҳҳост. Бо пайи қадами Наврӯз дар тамоми нуқоти дунё суботу оромӣ бошад. Орзу дорам, ки ҳамаи мардуми дунё ба ҳамдигар кӯмак кунанд ва дар хушӣ ба сар баранд. Ин Наврӯз, Наврӯзе шавад, ки ҷаҳон донад, ки воқеан ҳам ин ҷашни мардуми форсизабон ҳаст. Мардуме, ки ҳамеша сулҳ мехоҳанд ва дунболи некиву накукорӣ ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG