Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як дастёри пешини Қаззофиро дастгир карданд


Маъмурони амниятии Миср, Аҳмад Қаззоф ал-Дом, як дастёри пешин ва хоҳарзодаи Муаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либияро дастгир кардаанд. Бино ба гузоришҳо, ӯро рӯзи сешанбе дар хонааш дар шаҳри Қоҳира боздошт карданд. Ба гуфтаи мақомоти Миср, баъди тирандозии муҳофизони ӯ бо маъмурони амниятӣ, Аҳмад Қаззоф ал-Дом, худаш таслим шудааст. Ин фард дар гузашта, фиристодаи хоси Қаззофӣ дар Қоҳира буд ва баъди суқути ӯ дар соли 2011 Либияро тарк карда ба Миср омад. Мақомоти Либия Аҳмад Қаззоф ал-Домро ба тақаллуби аснод, дуздӣ ва пулшӯӣ муттаҳам мекунанд. Маъмурони амниятии Миср рӯзи сешанбе ҳамчунин сафири собиқи Либия дар Қоҳира ва як мақоми дигари шинохтаи ҳукумати Муаммар Қаззофиро дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG