Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия аз силоҳи кимиёвӣ истифода кардаанд


Ҳукумати Сурия ва шӯришиёни мухолифи он ҳамдигарро ба истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ дар наздикии шаҳри бостонии Ҳалаб муттаҳам карданд. Хабаргузории расмии САНА-и Сурия гуфт, ки дар ин ҳамла 25 нафар кушта шуда ва даҳҳо тани дигар осеб дидаанд. Шӯришиёни Сурия мегӯянд, ки ин кори дасти онҳо нест ва нерӯҳои ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад, аз ин аслиҳаи маргбор истифода кардаанд. Як шӯришии Сурия бо нашри видеое дар Интернет гуфт: "Мо аз манобеъи мӯътамади худ фаҳмидем, ки бар асари истифодаи фосфор аз тарафи ҳукумат дар маҳаллаи Хон –ал-Асал баъзе афрод нафасгир ва заҳролуд шудаанд ва мо ҳукуматро масъули истифода аз ин аслиҳае медонем, ки қонунҳои байналмилалӣ мамнӯъ кардаанд." Вазорати умури хориҷии Русия, истифода аз аслиҳаи кимиёвиро кори дасти шӯришиён хонда ва онро бисёр изтиробангез номид. Амрико мегӯяд, ҳеҷ далеле надидааст, ки гуфтаҳои ҳукумати Сурияро собит кунад, ки шӯришиён ин навъи аслиҳаро ба кор бурдаанд.
XS
SM
MD
LG