Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистон мегӯяд, 18 "ҷосусро" боздошт кардааст


Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, 18 нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои бегона боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ дар як баёнияе рӯзи сешанбе гуфт, ки як нафар аз боздоштшудагон эронӣ, дуввумӣ аз Лубнон ва бақия шаҳрвандони худи Саудӣ ҳастанд. Аммо гуфта нашудааст, ки ин афрод ба нафъи кадом кишвар ҷосусӣ мекарданд. Дар ин баёния омадааст, ки боздоштҳо чаҳор рӯзи пеш дар як “амалиёти ҳамоҳангшудаву ҳамзамон дар чаҳор минтақаи Арабистони Саудӣ, аз ҷумла шаҳри Риёз пойтахт ва Макка” сурат гирифтаанд. Таниш миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ, баъди ирсоли нерӯ аз ин кишвар ба Баҳрайн барои саркӯби қиёмҳо ба раҳбарии шиъамазҳабон дар соли 2011, авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG