Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Амрико дар бораи интихоботи Афғонистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳукумати Афғонистон ҳушдор дод, ки баргузории интихоботи “фарогиру мӯътабари” раёсати ҷумҳурӣ дар соли оянда, барои идомаи ҳимояти байналмилалӣ аз он кишвар пас аз соли 2014 фавқуллода муҳим аст. Сюзан Райс, намояндаи Амрико дар Созмони Милал, рӯзи сешанбе дар як нишасти Шӯрои Амният дар бораи Афғонистон гуфт, “натиҷаҳои интихобот бояд қобили қабули ҳамаи мардуми афғон бошад”. Қарор аст, нерӯҳои ҷангии Амрико ва нерӯҳои ба раҳбарии НАТО, то охири соли 2014, аз Афғонистон хориҷ шаванд. Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи сешанбе маъмурияти дафтари созмон дар Афғонистонро барои як соли дигар тамдид кард, ки ҳоло ин кишвар барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи апрели соли 2014 омода мешавад. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки баъди хотимаи аҳди дуввуми раёсати ҷумҳуриаш аз ин мақом хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG