Пайвандҳои дастрасӣ

Обама хидмати сарбозони Амрико дар Ироқро ситоиш кард


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар остонаи 10-умин солгарди ҳамлаи ба раҳбарии ин кишвар ба Ироқ аз хидмати онҳое қадрдонӣ кард, ки дар Ироқ ҷангидаанд. Барак Обама дар як баёнияе дар рӯзи сешанбе гуфт, фидокориҳои амрикоиҳо ба мардуми Ироқ “имкон дод, ки баъди солҳои зиёди сахтӣ, ояндаи хешро бисозанд”. Ӯ афзуд, ки мардуми Амрико хотираи тақрибан 4500 сарбози кишварро, ки дар ҷанги Ироқ ҷон доданд, гиромӣ медорад. Баъди ҳашт соли аз қудрат рондани Саддом Ҳусайн, диктатори Ироқ охирин нерӯҳои Амрико, моҳи декабри соли 2011 он кишварро тарк карданд. Ва дигар ин ки дирӯз дар силсилаи ҳамлаву бомбгузориҳо дар маҳалҳои умдатан шиъанишини Бағдод, бештар аз 50 нафар кушта шуданд. Бо гузашти як даҳсола аз ҳамла ба Ироқ ва бо вуҷуди коҳиши чашмгири хушунат дар ин муддат, амният дар Ироқ ҳамчунон шикананда боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG