Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қибрис тарҳи ҷанҷолиро напазируфт


Вакилони мардумии Қибрис тарҳи санадеро рад карданд, ки бар асоси он бояд амонатгузорон аз пасандозҳояшон дар бонкҳо молиёт мепардохтанд. Ҳангоми раъйгирӣ дар порлумон, 36 вакил мухолифи ин тарҳ ва 19 нафар райъи мумтанеъ додаанд. Пештар аз ин дар рӯзи сешанбе вакилон санади мазкурро ислоҳ карданд, то аз амонатгузорони камдаромад молиёт ситонида нашавад, вале бо вуҷуди ин тарҳ қабул нашуд. Бино ба гузоришҳо, садҳо нафар аз тазоҳургарон, ки дар назди порлумон ҷамъ омада буданд, баъди шунидани натиҷаҳои раъйгирӣ фарёду хушҳолӣ мекардаанд. Қибрис барои кӯмак ба бонкҳои мӯҳтоҷаш ва ҷилавгирӣ аз варшикастагӣ, аз созмонҳои молӣ 10 миллиард евро кӯмак хостааст, вале дар ивази ин бояд худи Қибрис ҳам дар ин барнома тақрибан 6 миллиард евро саҳм бигузорад. Ҳоло ҳукумати Қибрис бояд барои ба даст овардани кӯмак аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул роҳҳои дигарро биҷӯяд.
XS
SM
MD
LG