Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи дифои Абдумалик Абдуллоҷонов ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят кард


Рӯзи панҷшанбе, 21 март дар шаҳри Киев додгоҳи таҷдиди назар шикояти нахуствазири собиқи Тоҷикистон аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев шикоят баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора ба радиои Озодӣ яке аз вакилони дифои Абдумалик Абдуллоҷонов хабар дод. Рӯзи 15 март додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев ҳукм кард, ки собиқ нахуствазири Тоҷикистонро то 12 моҳ ба ҳабс бигиранд. Додгоҳи Киев бо ҳимоят аз дархости додситонии кулл ҳукм баровард, ки Абдумалик Абдуллоҷонов то замони ҳалли масъалаи истирдод ё экстрадитсияаш, ҳадди аксар то 12 моҳ дар ҳабси истирдодӣ бимонад. Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи “Бориспол”-и канори шаҳри Киев бо дархости пулиси байналмилалии Интерпол боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе истирдод кунанд. Бо қарори додгоҳи Украина ва то замони баррасии дархости истирдодаш Абдумалик Абдуллоҷонов барои 40 рӯз ба боздоштгоҳ интиқол дода шуд. Дар Тоҷикистон ӯро ба таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, куштор, талош барои ғасби ҳокимият ва дуздии моликияти давлатӣ айбдор мекунанд. Вале ба бовари худи Абдуллоҷонов, тамоми иттиҳомоти зидди ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG