Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонони Узбакистону Афғонистон тирандозӣ карданд


Ҳамлаи поёни ҳафтаи гузашта ба марзбонони Узбакистонро марзбонони Афғонистон анҷом додаанд. Дар ин бора генерал Муҳаммадҷон Мамузай-раиси пулиси марзии Афғонистон ба хабаргузории афғонии Пажвок иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи вай, 14 март марзбонони Узбакистон ба сӯи 7 марзбони афғон, ки талош доштаанд ба ҷазирае дар мобайни рӯдхонаи Ому бигзаранд, оташ кушодаанд. Ин ҷазира ба Афғонистон тааллуқ дорад.

Генерал Мамузай гуфтааст, ки дар ин тирандозӣ 3 марзбони Афғонистон сокинони вулусволии Калдор ба қатл расидаанд ва 4 марзбони дигар ҷон ба саломат бурдаанд.
Генерали афғон нагуфтааст, ки сабаби оташ кушодан ба сӯи марзбонони афғон чӣ будааст.
XS
SM
MD
LG