Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қонуни нави матбуот имзо шуд


Имрӯз, сешанбеи 19-уми март, президенти Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Ба иттилои Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар таҳрири нав бо назардошти талаботи замони муосир қабул гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии матбуотро муқаррар карда, муносибатҳоро дар ин соҳа танзим менамояд.

Тарҳи қонуни мазкур, ки ҳамчун қонуни нави матбуот шинохта шудааст, 15-уми декабри соли гузашта аз тарафи парлумон ба тасвиб расида буд. Ин тарҳро дар ду соли пеш вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода ва Акрамшо Филолиев таҳия карданд. Он чанд навбат дар маҳфилҳои журналистӣ баррасӣ гардида, мулоҳизоти хабарнигорон роҷеъ ба он гирифта шудааст. Бар асоси тарҳи ҷадид ниҳодҳои расмӣ ба дархост ва номаҳои рӯзноманигорон бояд дар муддати се рӯз посух бидиҳанд. Қаблан ин муҳлат 30 рӯз буд. Инчунин, гуфта мешуд, ки дар ин лоиҳа мақоми ҳуқуқии сайтҳои интернетӣ ба унвони расонаи хабарӣ мушаххас нашудааст.

Дар солҳои 2001, 2005 ва 2008 бархе аз созмонҳои рӯзноманигорӣ бо ҳимояти созмонҳои байналмилалӣ тарҳҳои ҷудогонаи қонуни матбуотро таҳия карда буданд.
XS
SM
MD
LG