Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 19-уми март аз ҳамлаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Ироқ даҳ сол пур шуд.

Ин ҳамла мавҷи эътирозро дар саросари дунё ба дунбол дошт ва мардум аз Осиё то Аврупову Амрико алайҳи тасмими ҳукумати вақти Амрико садо баланд карданд.

Мондагортарин эътироз ба ҳамлаи Амрико ба Ироқ, беш аз панҷ сол қабл замоне рух дод, ки як рӯзноманигори ироқӣ кафши худро ба сӯи раиси ҷумҳури ИМА партоб намуд. Амале ки дар ҷаҳони ислом бадтарин беҳурматӣ дониста мешавад.

Мунтазир Ал-Зайдӣ ва кафши ӯ пас аз нишасти хабарии раиси ҷумҳури вақти Амрико ва нахуствазири Ироқ Нури Ал-Моликӣ дар 14-уми декабри соли 2008 дар Баъдод, чун рамзи муқовимат алайҳи ишғол шинохта шуд.

Мунтазар Ал-Зайдӣ, рӯзноманигори ироқӣ ки кафши худро ба сӯи Буши хурдӣ партоб намуд.

Мунтазар Ал-Зайдӣ, рӯзноманигори ироқӣ ки кафши худро ба сӯи Буши хурдӣ партоб намуд.

Ин садои ғиреви Мунтазир Ал-Зайдӣ буд, ки ба дунболи партоби кафшаш ба сӯи раиси ҷумҳури Амрико ҳама ҷаҳониён онро диданду шуниданд: «Ин тӯҳфаи ироқиҳо барои шумо аст. Ин барои ҳамаи бевазанон ва ятимон ва ҳамаи онҳое, ки дар Ироқ кушта шуданд.»

Кафш ба Буш барнахӯрд ва ӯ худро аз кафши партобшуда ба канор гирифт ва бо тамасхуру заҳрханда эълон кард, ки кафши шумораи 10 буд.

Аз ҳодисаи мазкур ҳама ҷаҳониён огаҳ шуданд, зеро он садои эътирози на танҳо мардуми Ироқ ва ҷаҳонӣ ислом, балки Аврупо ва худи Амрико ҳам буд. Он замон маҳбубияти раиси ҷумҳур Буш ҳатто дар кишвараш рӯ ба коҳиш ниҳода буд.

Хашми Зайдӣ ҳамчунон ҳамқадам бо афзоиши ҳаракати зиддиҷангие буд, ки тақозо дошт, ки Буши хурдӣ ва ҳамчунин нахуствазири вақти Бритониё Тони Блейр барои ҷиноятҳои ҷангӣ, муҳокима шаванд.

Мунтазир Зайдӣ барои беэҳтиромӣ ба раҳбари як кишвари хориҷӣ ҳангоми сафарӣ расмӣ, аз сӯи додгоҳи Бағдод ба зиндон маҳкум шуд. Вай дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ инро низ таъкид кард, ки хуни мардуми бегуноҳи Ироқ аз зери пои Буш ҷорӣ аст. Вай ҳамчунон дар маҳкама гуфт, ки аз ҷониби нигаҳбонони ироқӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Дертар муҳлати се солаи маҳкумияти вай, ба як сол коҳиш ёфт. Дар моҳи сентябри соли 2009 ва пас аз нӯҳ моҳи маҳкумият, Мунтазир Зайдиро бинобар муошират ва ахлоқи неку, аз зиндон раҳо карданд.

Ӯ дар ҷаҳони араб ба унвони як қаҳрамон ҳувайдо шуд ва ҳайкали бузурги биринҷии кафши ӯ дар шаҳри Тикрит- зодгоҳи Саддом Ҳусайн қомат афрохт. Ин ҳайкал барои чанд рӯз дар онҷо боқӣ монд ва чанд рӯз баъд бо дастури мақомоти ироқӣ аз онҷо барчида шуд.

Зайдӣ пас аз раҳоӣ, моҳи сентябри соли 2009

Зайдӣ пас аз раҳоӣ, моҳи сентябри соли 2009

Раҳбари пешини Зайдӣ дар телевизиони Ал-Бағдодия мақараш дар Қоҳира, барои ӯ як хонаи чаҳор утоқа тӯҳфа намуд. Барои Зайдӣ аз шабакаҳои бузургтарини хабарии арабӣ пешниҳоди кор шуд ва аз тоҷирони сарватманди араб тӯҳфаҳои гаронқимат, ба шумули мошинҳои варзишӣ ва аспҳои тиллои ба ӯ пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла як тоҷири саудӣ пешниҳод кард, ки кафши маъруфи Зайдиро бо маблағи 10 миллион доллар харидорӣ намояд. Аммо он кафш баъд аз тафтиш тавассути нерӯҳои амниятӣ аллакай аз байн бурда шуда буд.

Зайдӣ ҳамакнун дар Лондон зиндагӣ мекунад. Ӯ тарки хабарнигорӣ намуд то як созмони хайриявиро барои кӯмаки қурбониёни ҷанги Ироқ роҳандозӣ намояд.

Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вай ҳамчунон саргарми ошкор кардани ҷиноятҳое мебошад, ки нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ муртакиби он шуданд. Вай мегӯяд, ки агар ақрабаки соатро ба ҳамон вақт баргардонида метавонист, бори дигар кафши худро ба сӯи Буш партоб мекард.

«Он чизе ки тағйир ёфтааст, ин аст ки ҳоло ман дар баробари мардум худам масъулияти инсонӣ дорам, ки бузургтар аз аз хабаррасонӣ аз он чизе аст, ки ба мардуми Ироқ ба асари сиёсатҳои нодурусти Ҷорҷ Буш рух дод. Рисолати ман ҳамакнун расонидани садои ироқиёни мазлум дар кишвар ва берун аз он аст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG