Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони порламони Украина ба ҳам дарафтоданд


Аъзои ҷиноҳи “Свобода”-и Украина, ки мухолифони давлат ба шумор мераванд, дар порламони ин кишвар бо намояндагони Ҳизби Куммунист даст ба гиребон шуданд. Заду хӯрди онҳо замеоне рух дод, ки куммунистҳо ва аъзои ҳизби Минтақаҳо бо садои баланд мегуфтанд, ки бояд Олеҳ Тяҳнибок-раҳбари Свобода дар порламон суханронӣ накунад.

Порламон рӯзи сешанбе танҳо замоне фаъолияти худро аз сар гирифт, ки аъзои се ҳизби мухолиф, яъне Эътилофи демокартаии Украина, Баткившина (Падарватан) ва Свобода минбари порламонро раҳо карданд.

Онҳо дар давоми ду ҳафтаи гузашта минбарро ба муҳосираи худ дароварда буданд ва эътироз мекарданд, зеро Серҳий Власенко-муовини мухолифон бо пешниҳоди ҳизби ҳоким аз мандат ё эътиборномаи намояндагӣ 6 март маҳрум шуда буд.

Муҳосираи минбари порламон бо он ба поён расид, ки ҷонибҳо розӣ шудаанд, то намояндагони аз мандат маҳрумшуда дар райдиҳӣ битавонанд ширкат ҷӯянд.
XS
SM
MD
LG