Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 абарқудрати ҷаҳон пешниҳодҳои худро ба Эрон супурданд


Иттиҳодияи Аврупо ва шаш кишвари абарқудрати ҷаҳон ҷузъиёти бештари пешниҳодҳои худро дар ихтиёри Эрон гузоштанд, то ин кишвар аз мухолифатҳои худ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш даст кашад. Ин пешниҳодҳо рӯзи душанбе дар Истамбул дар ихтиёри Эрон гузошта шуд.

Дар як изҳороти кӯтоҳ роҷеъ ба музокироти коршиносон Иттиҳодияи Аврупо нагуфт, ки коршиносони Эрон ба ин пешниҳодҳо чӣ вокуниш нишон додааст.

Моҳи гузашта дар мулоқоти сиёсии Қазоқистон ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расида буданд, ки ба баррасии техникӣ пардозанд. Дар изҳороти рӯзи душанбе Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо таъйид кард, ки 5-6 апрел дар Алмаато як даври дигари музокироти сиёсӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар даври қаблии музокироти Алмаато шаш кишвари муҳими ҷаҳон ба Эрон пешниҳод карданд, ки агар Эрон аз фаъолиятҳои ҳассоси ҳастаӣ даст кашад, барои талофии таҳримҳо дар ихтиёри Эрон кӯмакҳои маҳдуд хоҳанд гузошт.
XS
SM
MD
LG