Пайвандҳои дастрасӣ

Сотсиал-демократ демократ шуд


Маҳмадсиддиқ Саидов, собиқ раиси созмони минтақавии ҲУСДТ.

Маҳмадсиддиқ Саидов, собиқ раиси созмони минтақавии ҲУСДТ.

Собиқ раиси созмони минтақавии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Кӯлоб узвияти Ҳизби демократро пазируфт.

Маҳмадсиддиқ Саидов, рӯзи сешанбеи 19-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран пас аз интихоби Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демократ ва ширкат дар ҷаласаи ин ҳизб, тасмими ниҳоӣ гирифт, ки дигарбора ба сиёсат бипайвандад ва аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон бошад.

Вай дар ин бора мегӯяд, «идеяҳои Сайидҷаъфар Исмонов бароям хеле писанд афтод. Ӯ ҳарфҳоеро мегуфт, ки солҳо дар қалби ман буд ва мехостам ба гунае онҳоро амалӣ созам. Пас аз иштирок дар ҷаласае, ки дар Кӯлоб доир шуд ва раиси шаҳрии он маро ба ҳайси меҳмон хабар карда буд, назди Исмонов рафта, худро муаррифӣ кардам ва хоҳиш кардам, то маро ба аъзогии ҳизб қабул созад.»

Маҳмадсиддиқ Саидов, омӯзгор буда то соли 2007 раёсати Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистонро бар дӯш дошт. Аммо вай дар эътироз ба амалкарди раҳбари ин ҳизб, ки ба гуфтааш бо аъзоёнаш дар минтақа дар иртибот набуда ва бидуни ризояти онҳо изҳоротҳоеро аз номи онҳо пахш мекардааст, ҳизбро тарк карда ва аз сиёсат муддате канор рафт.

Ба ин тартиб Маҳмадсиддиқ Саидов муддати 6 соли ахир дар рустое ба ҳайси омӯзгори оддӣ кор карда ва гурӯҳе аз наврасони деҳотро футбол омӯзиш додааст.
Аммо ба гуфтаи вай, ҳарчанд кори ҳизбиро тарк карда буд, вале дар ин муддат ҳамеша ҳайёти сиёсии кишварро пайгирӣ мекард.

Зимнан, Маҳмадсиддиқ Саидов аз нахустин афроде аст, ки дар соли 1991 дар эътироз ба ваъдахилофиҳои Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳури вақти Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба муддати 20 рӯз ҳамроҳ бо чанд тан даст ба гуруснанишинӣ зада буданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG