Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми даъвати АФК-2014: Тоҷикистон – Макао. Ҳисоб 3:0


Лаҳзае аз ҷараёни бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Макао. Бишкек, 19.03.2013.

Лаҳзае аз ҷараёни бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Макао. Бишкек, 19.03.2013.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 имрӯз, 19-уми март, дар Бишкек бар мунтахаби Макао бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. 2 голро Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаҳои 56-ум ва 90+2 ва 1 голро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 82-юм ба ҳадаф расонданд.

Дувумин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 11 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон: 16. Алишер Додов, 2. Умедҷон Шарифов, 3. Соҳиб Саванқулов, 6. Давронҷон Эргашев, 8. Нуриддин Давронов, 11. Фарҳод Тоҳиров, 12. Юсуф Рабиев (капитан), 18. Ҷамшед Исмоилов, 19. Аҳтам Назаров, 23. Алексей Неъматов, 44. Ҷаҳонгир Эргашев.

Бозигарони эҳтиётӣ: 1. Алишер Тӯйчиев, 4. Эраҷ Раҷабов, 5. Маҳмадалӣ Содиқов, 7. Фатҳулло Фатҳуллоев, 10. Хуршед Маҳмудов, 14. Далерҷон Тухтасунов, 15. Наим Улмасов, 17. Дилшод Восиев, 20. Ҷаҳонгир Ҷалилов, 21. Иброҳим Рабимов, 22. Комил Саидов, 28. Абдуазиз Маҳкамов.

Никола Кавазович, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, дар ин бозӣ нисбат ба бозии аввалин бо Покистон ба ҳайати даста бисёр тағйирот дароварда, ҳамаи 11 бозигарро, ки дар оғози бозии гузашта ба майдон омада буданд, иваз намудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби Макао: 22. Леонг Чон Кит, 2. Хо Вай Тонг, 3. Лей Тин У, 6. Чанг Чин Пауло, 7. Чэн Мэн, 8. Чи Чи Мэн (капитан), 12. Хо Мэн Хоу, 17. Конг Ченг Хоу, 18. Вонг Вернон, 19. Ҷезус Мораис Алвес, 21. Монтейро Соарес.

Бозигарони эҳтиётӣ: 1. Хо Мэн Фай, 4. Леонг Сио Мен, 9. Чэн Кин Сенг, 11. Каевчэн Капело Иури, 13. Мэк Чи, 29. Чао Вай Хоу, 33. Танг Хоу Фай, 35. Хо Чи Фонг.

Доварони ин бозӣ аз Баҳрайн мебошанд: сардовар - Ҷамол Ҷумъа Абдулҳусайн, ёварони сардовар - Алӣ Муҳаммад Аҳмад Ал-Ҳасанӣ (Яман) ва Абдуллоҳ Толиб (Лубнон). Довари эҳтиётӣ – Алӣ Сабоҳ Ал-Қайсӣ (Ироқ). Комиссари бозӣ – Лин Вейгуо (Чин), нозири доварон – Масъуд Муродӣ (Эрон).


Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 дар Бишкек дар гурӯҳи “В” 17-уми март бар мунтахаби Покистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голро Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 89-ум ба ҳадаф расонд.

Никола Кавазович, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, баъди анҷоми бозии аввал гуфт, “мо кӯшиш мекунем дар ду бозии боқимонда имтиёзҳои зарурӣ ба даст орем ва ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК роҳ ёбем.”

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” рӯзи 17-уми март дастаи мизбон - Қирғизистон бар тими Макао бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро Девид Теттеҳ дар дақиқаи 45+1 зад.

Баъди даври аввали мусобиқа дар гурӯҳи "В" дастаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо 3-имтиёзӣ пешсафанд. Тимҳои Покистон ва Макао имтиёз ба даст наовардаанд.

Пас аз бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Макао имрӯз, 19-уми март бозии дигари ин гурӯҳ миёни тимҳои Қирғизистон ва Покистон баргузор мешавад. Ин бозӣ соати 16 ба вақти Бишкек ва соати 15 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа панҷ дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мунтахаби Ҷазоири Молдив, ки ҳамчун мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 бидуни рақобат ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шудааст, ҳамроҳ мешаванд. Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад.

Бояд гуфт, ки дар айни ҳол дастаҳои мунтахаби Мянмар (гурӯҳи «А»), Афғонистон (гурӯҳи «С») ва Фаластин (гурӯҳи «D”) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2014 роҳхат гирифтаанд.


Мавқеи дастаҳо баъди ҷамъбасти бозиҳо дар се гурӯҳ чунин аст:

Гурӯҳи “А”: 1. Мянмар – 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 7-1). 2. Ҳиндустон – 6 (6-2). 3. Гуам – 3 (3-9). 4. Тайван – 1 (2-6).

Гурӯҳи “С”: 1. Афғонистон – 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 3-1). 2. Лаос – 5 (6-4). 3. Шри-Ланка – 3 (5-5). 4. Муғулистон – 1 (1-5).

Гурӯҳи “D”: 1. Фаластин – 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 10-0). 2. Бангладеш – 6 (6-1). 3. Непал – 4 (6-2). 4. Марианаи Шимолӣ – 0 (0-19).

Бозиҳои гурӯҳи “Е” бо ширкати дастаҳои мунтахаби Филиппин, Туркманистон, Камбоҷа ва Бруней аз 22-юм то 26-уми март дар пойтахти Филиппин – Манила баргузор мешаванд.


Ва, инак, таваҷҷуҳи шуморо ба бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Макао ҷалб мекунем.

Қабл аз шурӯи бозӣ сурудҳои миллии ҳарду кишвар - Тоҷикистон ва Макао садо доданд.

Садои ҳуштаки сардовар Ҷамол Ҷумъа Абдулҳусайн аз Баҳрайн аз оғози бозӣ дарак дод. Дастаҳои Тоҷикистон ва Макао вориди рақобат шуданд.

Бояд гуфт, ки имрӯз, 19-уми март, ҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва тими «Жетису»-и Талдиқӯрғони Қазоқистон Давронҷон Эргашев зодрӯз дорад. Вай 25-сола шуд. Ӯро бо зодрӯзаш табрик гуфта, барояш тансиҳативу хушбахтӣ ва комёбиҳо орзу мекунем.

Футболбозони тоҷик бо либоси сурх ва бозигарони Макао бо либоси сабз бозӣ доранд.

Дақиқаи 2-юми бозӣ. Ҳисоб 0:0.

Дақиқаи 3-юми бозӣ ҷараён дорад. Футболбозони тоҷик ташаббусро ба даст гирифта, ба сӯи дарвозаи мунтахаби Макао ҳуҷум мекунанд. Тӯби аз дур задаи Нуриддин Давронов аз болои тири дарвоза гузашт.

Дар дақиқаи 5-ум Ҷамшед Исмоилов метавонист ҳисобро кушояд, вале тӯби задаи ӯ ба дарвозабон бархӯрд. Баъди бозгашти тӯб аввалин шуда ба он Фарҳод Тоҳиров расид, аммо довари марзи майдон байрақчаашро боло кард, ки ин маънои ҳолати нобозиро дорад.

Дақиқаи 8-уми бозӣ, ҳисоб 0:0. Бозӣ дар нимаи майдони Макао мегузарад.

Дақиқаи 11-уми бозӣ, ҳисоб боз нашудааст. Тӯби задаи Ҷамшед Исмоилов берун аз ҷаримагоҳи рақибон, вале тӯб ба яке аз ҳимоятгарони мунтахаби Макао бархӯрд.

Дақиқаи 15-уми бозӣ сипарӣ шуд, вале дар ҳисобнамо ҳамоно 0:0. Фарҳод Тоҳиров тӯби ба ӯ партофтаи Алексей Неъматовро хато зад. 15 дақиқаи нимаи аввали бозӣ бо бартарии комили футболбозони тоҷик ҷараён дорад, аммо онҳо ҳанӯз муваффақ нагаштаанд.

Дар дақиқаи 16-ум Юсуф Рабиев дар ҷаримагоҳи Макао тӯби ба ӯ ҳавододаи Алексей Неъматовро бо сар зад, вале тӯб аз наздикии сутуни дарвоза гузашта, аз майдон берун рафт.

Аз оғози нимаи аввали бозӣ 20 дақиқа гузашт, вале ҳисоб ҳамоно 0:0. Ҳарчанд футболбозони тоҷик ҳуҷум мекунанд, аммо бенатиҷа. Бозигарони Макао то ин муддат ягон лаҳзаи хавфнокро дар ҷаримагоҳи мунтахаби Тоҷикистон ба вуҷуд наовардаанд.

Дақиқаи 25-уми бозӣ, ҳисоб 0:0. Бозӣ аслан дар нимаи майдони мунтахаби Макао мегузарад. Футболбозони Макао асосан аз паи ҳимояи дарвозаи худ ҳастанд. Боз як зарбаи Нуриддин Давронов аз масофаи дур ва тӯб аз болои тири дарвоза гузашт.

Дақиқаи 27-уми бозӣ, ҳисоб 0:0. Бозигарони Макао дар наздикии ҷаримагоҳи худ Ҷамшед Исмоиловро аз пой афтонданд. Нуриддин Давронов зарбаи ҷаримавӣ зад, вале тӯбро дарвозабони Макао баргардонд.

Дақиқаи 30-юми бозӣ. Ҳамоно бозӣ бидуни гол ҷараён дорад. Футболбози Макао Хо Вай як ҳуҷуми бисёр ҳам хавфноки ҳамдастаҳояшро бо задани тӯб бо сар анҷом дод. Ба бахти футболбозони тоҷик тӯб аз болои тири дарвоза гузашт.

То анҷоми замони асосии нимаи аввали бозӣ 12 дақиқа мондааст. Ҳисоб 0:0. Бозигари мунтахаби Тоҷикистон Алексей Неъматов аз ҷониби сардовар корти зард гирифт.

Дақиқаи 35-уми бозӣ, ҳисоб 0:0. Боз як зарбаи Ҷамшед Исмоилов аз масофаи тақрибан 22 метр, вале тӯб хато рафт.

Дар дақиқаи 38-ум Юсуф Рабиев лат хӯрд ва ҳоло ба капитани мунтахаби Тоҷикистон берун аз хатти майдон ёрии тиббӣ мерасонанд.

Дар дақиқаи 40-ум Юсуф Рабиевро, ки лат хӯрд, ҳамлагар Комил Саидов иваз кард. Дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ ҷараён дорад, вале ҳанӯз тӯб вориди дарвоза нашудааст.

Дар дақиқаи 44-ум футболбозони Макао ҳуҷуми ҷавобӣ карданд. Баъди зарбаи футболбози Макао тӯб аз наздикии сутуни дарвоза гузашт.

Ҳоло 1 дақиқаи иловакардаи сардовар ҷараён дорад.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид ва дастаҳо ба танаффус баромаданд. Мо ҳам каме дам мегирем.

Қисми дувуми бозӣ оғоз ёфт.

Дар дақиқаи 47-ум Ҷамшед Исмоилов дар ҷаримагоҳи рақибон ба яке аз бозигарони Макао бархӯрд.

Дар дақиқаи 48-ум Комил Саидов бо сар тӯбро сӯи Фарҳод Тоҳиров равон кард, вале зарбаи Фарҳод ба ҳадаф нарасид.

Баъди он ки Юсуф Рабиев дар нимаи аввали бозӣ иваз шуд, бозубанди капитанӣ дар дасти Соҳиб Саванқулов мебошад.

Дар дақиқаи 51-ум Хо Мэн Хоу, бозигари Макао, аз лаҳзаи хуби голзанӣ истифода карда натавонист. Тӯби задаи ӯро дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Алишер Додов моҳирона баргардонд. Ҳисоб 0:0.

Дақиқаи 55-ум ҷараён дорад.

Дар дақиқаи 56-ум ҳисоб кушода шуд. Ҷамшед Исмоилов ба дарвозаи Макао гол зад.Тӯбро Ҷамшед Исмоилов аз масофаи тахминан 20 метр пас аз иҷрои зарбаи ҷаримавӣ ба нишон расонд.

НАВОР АЗ YOUTUBE




Дар дақиқаи 58-ум дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозигари дувум иваз шуд. Ба ҷои Умедҷон Шарифов ба майдон Фатҳулло Фатҳуллоев омад.

Дар дақиқаи 61-ум Ҷаҳонгир Эргашев корти зард гирифт. Бозӣ ҷараён дорад. Ҳисоб 1:0 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон.

Дар дақиқаи 70-ум Ҷамшед Исмоилов аз масофаи тахминан 30 метр зарбаи ҷаримавӣ зад ва тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Дар дақиқаи 74-ум яке аз бозигароин Макао ба болои пои Даврон Эргашев ҷаҳид ва дар майдон каме бенизомӣ рух дод ва сардовар ин вазъро ба зудӣ бартараф кард. Ӯ ба бозигари мунтахаби Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев ва футболбози Макао кортҳои зард нишон дод. Бозӣ ҷараён дорад, ҳисоб бетағйир.

Дар дақиқаи 75-ум дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозигари охирин иваз шуд. Ба ҷои Фарҳод Тоҳиров ба майдон Дилшод Восиев ворид шуд.

Дақиқаи 80-уми бозӣ. Ҳисоб тағйир наёфтааст. Ҳарчанд футболбозони тоҷик кӯшиш мекунанд, ки ҳисобро афзун намоянд, вале тӯб ба онҳо дар лаҳзаҳои охирин итоат намекунад.

Дар дақиқаи 82-юм ҳисоб тағйир ёфт. 2:0. Голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро Ҷаҳонгир Эргашев зад. Ҷаҳонгир Эргашев, ки дар ҳайати дастаи мунтаби миллии Тоҷикистон аввалин бор ба майдон омадааст, тӯби аз самти рости майдон ба ӯ ҳавододаи ҳамдастаашро ба дарвозаи мунтахаби Макао ворид кард.

НАВОР АЗ YOUTUBE



Дар дақиқаи 85-ум Дилшод Восиев дар ҷаримагоҳи Макао афтид ва гумон дошт, ки сардовар пеналтӣ таъин мекунад. Аммо ба андешаи сардовар дар ин лаҳза қоидаи бозӣ вайрон нашуда буд.

Дар дақиқаи 86-ум Комил Саидов метавонист голи сеюмро ба самар расонад, вале ӯ бо дарвозабон як ба як баромада, тӯбро хато зад. Тӯб аз болои тири дарвоза гузашт.

90 дақиқаи замони асосӣ ба анҷом расид. Сардовар 3 дақиқа вақти иловагӣ дод.

Дар дақиқаи 90+2 футболбозони тоҷик голи сеюмро ба дарвозаи мунтахаби Макао заданд. Голи сеюмро Ҷамшед Исмоилов ба ҳадаф расонд. Тӯби аз дур, берун аз ҷаримагоҳ задаи ӯро дарвозабони мунтахаби Макао дошта натавонист. Ин голи дувуми Ҷамшед дар ин бозӣ мебошад.

НАВОР АЗ YOUTUBE



Инак, садои ҳуштаки сардовар баланд шуд ва он аз анҷоми бозӣ дарак дод. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуд.

Ба ин тартиб мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз аз 2 бозӣ дар ҷадвали гурӯҳи "В" дар ҷои аввал мебошад. Мунтахаби Қирғизистон, ки як бозӣ кардааст, бо 3 имтиёз дар ҷои дувум қарор дорад.

Соати 15 ба вақти Душанбе дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Қирғизистон бо тими Покистон вориди рақобат мешавад.

Дастаҳои Макао ва Покистон имтиёз надоранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии сеюм ва охиринашро рӯзи 21-уми март бо дастаи мизбон - Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови Бишкек соати 15 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Дар ҳамин ҷо гузориши мустақими мо ба анҷом расид. Шоду пирӯз бошед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG